Activities calendar

15 феврал 2018

Беҳтарин ибодат дар роҳи Худо амнияти миллату давлатро ҳифз кардан аст

   Имрӯзҳо дар саросари кишварҳои олам ҷангҳои идеологӣ идома доранд. Алалхусус чунин намуди мубориза кишварҳои абарқудрат Амрико, Росия, Эрон,  Кореяи шимолию ҷанубӣ ва кишварҳои арабро аз тариқи мавҷҳои фазоӣ фаро гирифтааст, ки ояндаи нек надорад. Гумон мекунам ин фаъолтарин роҳ аст, барои ташкил кардани суиқасдҳои террористию экстремистӣ дар саросари олам.

Ҳеҷ овозе нест

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»

Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод.

Ҳеҷ овозе нест

«Ал-Аҳром»-и Миср: Харитаи паҳншавӣ ва фаъолияти ҷанговарони ТЭТ “ҲНИТ” дар сафи гурӯҳҳои террористии Ховари Миёна

Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна - «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд.

Миёна: 6 (1 vote)