Activities calendar

20 Март 2018

Исломро либоси ҳизбӣ напӯшонед

    Агар дар вуҷуди инсон иллате хатарнок пайдо шавад, ҷарроҳон баъд аз ташхис бо тариқи ҷароҳӣ ва ё бо шуъои лазер онро бартараф мекунанд. Имрӯз авзои ҷомеаи ҷаҳониро терроризм ва экстремизм мисли бемории бод (рак) инсонҳоро ба даҳшат овардааст. Чунки терроризм ва террорист ба ҷузъ марг, куштор, қатли инсонҳо ва таркондани ҷойҳои муқаддас дигар коре надорад. Онҳо душмани инсоният ба ҳисоб мераванд. Мубориза алайҳи онҳо воҷиб аст.

Ҳеҷ овозе нест

ҲНИТ ё «Мамнӯъиён?»

Аз нолозим ва ба нафъи хизмати ҷомеа набудани ҲНИТ инак бештар аз 2 солу 3 моҳ сипарӣ шудааст. Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  аз  29-уми  сентябри соли  2015 ин ҳизбро  террористӣ – экстремистӣ эълон кард. Барои нолозим будани ин ҳизб аксар  шаҳрвандони ҷумҳурӣ, инчунин худи дар ин ҳизббудагон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат мақолаҳои коллективона навишта, ибрози  баромадану аз ҳизб набудани худро карданд.

Ҳеҷ овозе нест

Ба террору ифрот ва дину мазҳабҳои ғайриқонунӣ нафрати шогирдонро бедор кунем

Тарбия аввалан дар хона ибтидо мегирад  ва баъдан дар мактаби миёна ва олӣ рушд ёфта, дар ниҳоди наврасу ҷавон  хӯ  мегирад. Як ба гузаштаи начандон қафотари давлати соҳибистиқлоламон назар кунем, мебинем, ки дар ҳама ҷойҳои ба шӯр омодаи миллат аслан наврасону љавонон ба гумроҳӣ ҷалб шуда бурданд. Аксари салафишудаҳою  назҳатишудаҳоямон  ҷавонон буданд. Ҳамон ҷавононе, ки на дар хона ва на дар мактаб таълим ва тарбияи дуруст нагирифта буданд.

Ҳеҷ овозе нест