Activities calendar

02 Август 2018

КОНФЕРЕНСИЯИ илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Ихвон-ул-муслимин”

Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти “Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Ихвон-ул-муслимин” 01-уми август, аз соати 18:00 то 21:00 дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ, кӯчаи Курнейши Нил, бинои Бурҷи 2 доир гардид. Чорабинӣ зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ гузаронида шуд.

Миёна: 6 (1 vote)