Activities calendar

03 October 2018

Аз фарзандонатон бубинед!

Ҳамчун модаре, ки дар ҷанги барангехтаи ҳизби хунхоҳи мамнӯъ ва рӯсияҳи наҳзат, охири садаи бистум, як фарзанди нозанин, як ҷигарбанди азиз бой додам. Ҳамаи онҳоеро, ки нооромию ҷангу ҷудолу хунрезии ноҳақро тарғиб мекунанд, мисли хукрни ваҳшӣ бад мебинам. Ва бо камоли бовари мегуям, ки ҳамаи модарону фарзандон, кули онҳое, ки дар ҷанг лахтҳои ҷигар бой додаанд, то қиёмат ба наҳзатиҳои хунхор аз даргоҳи худованд, лаънати пойдорӣ азалӣ металабанд.

Ҳеҷ овозе нест

Ҳанги хар…

Таърих гувоҳ аст, ки Шумобарин ҳазорҳо «ватандӯстдорон» гузаштаанд, ки ба мақсадҳои нопоки худ нарасида, падрӯд бо дунё карда, ақидаҳои ғайриинсонии худро ба гӯр бурдаанд. Шумо худатонро дилхӯши ватан мешуморед, аммо дар асл ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, барало медонанд, ки хоҳиши Шумо ғайр аз пораканда кардани Тоҷикистон, ба нестӣ овардани миллат дигар чизе нест. Шумо худатонро дилсӯзони ватан шуморида, аз хориҷ истода «шиорбозӣ» мекунед.

Ҳеҷ овозе нест