Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар ВМКБ
Пан, 10/25/2018 - 21:48Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуда, огоҳӣ дода шудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят "саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба Прократураи вилоят даъват карда ба онҳо огоҳии расмӣ дода шуд" ,хабар медиҳад агентии "Ховар".