Activities calendar

05 Июл 2019

Дар Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон дар сатҳи сардорони Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти дуюми кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Миёна: 6 (1 vote)

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Замир Кобуловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии байнивазоратӣ дар масоили ҳамкории муштарак дар самти Афғонистон ба мамлакати мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Миёна: 6 (1 vote)

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САЙЁҲОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ! Дар Хоруғ давраи омӯзишии «Саёҳат ва офатҳои табиӣ» баргузор гардид

ХОРУҒ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва роҳбаладон дар мавзӯи «Саёҳат ва офатҳои табиӣ» давраи омӯзишӣ баргузор гардид.

Миёна: 6 (1 vote)

Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР иттилоъ медиҳад.

Миёна: 6 (1 vote)

Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов чемпиони Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон оғоз шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрон ҚУРБОН хабар дод.

Миёна: 6 (1 vote)