ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁДАНД. Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд
Ҷум, 10/22/2021 - 22:14ДУШАНБЕ 10.22.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.