Маҷлиси вакилони халқ

МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” амал менамояд.

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдори моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси вакилони халқи вилоятро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд.

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 69 вакил буда, шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.

Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда ба он раисикунанда имзо мегузорад.

Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз тарафи раиси вилоят (раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон) даъват карда мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ғайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.

КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.

Дар назди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 6 Комиссияҳои доимӣ мавҷуд буда, фаъолияти онҳоро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.

I. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Раҷабов Раҷабалӣ-вакили ҳавзаи интихоботии № 66 мебошад;

II. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Вализода  Абдуқодир-вакили ҳавзаи интихоботии № 50 мебошад;

III. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Ҳакимзода Қурбон–вакили ҳавзаи интихоботии  №49 мебошад;

IV.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Баҳодурзода Абдуҷабор-вакили ҳавзаи  интихоботии № 54 мебошад;

V.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Шодиев Маҳмад-вакили ҳавзаи интихоботии № 16 мебошад;

VI. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Раҳимзода Раъно-вакили ҳавзаи интихоботии № 60 мебошад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мӯҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.

 

Панди беғаразона ба Ҳумайро Б.

Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шоди ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ҳеҷ овозе нест

НБО «Роғун» устухоне дар гулӯи ифротиҳо беватан

НБО «Роғун» устухоне дар гулӯи ифротиҳо беватан

 

Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин роҳ комёб  гардад, табиати нопоки душман бештар ҳамон вақт фаъол мегардад.

Ҳеҷ овозе нест

Выявлен факт причастности ТЭО ПИВ к тюремному бунту

 

Ҳеҷ овозе нест

Кушодашавии НОБ-и Роғун- мотами ифротгароёни наҳзати

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати соли 1991, айёми душвору пуртазод, нооримиву низоъҳо ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид.  Дар ин солҳо мардуми кишвар ба амалҳои ғайриинсонии аъзоён ва тарафдорони наҳзатиҳои террористу ифротгаро дучор гардид.  Идомаи минбъдаи ин ҳолат метавонист боиси порча порча гардидани давлати тоҷикон мегашт. , таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисоди, амнияти  ва башариву фарҳанги дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Ҳеҷ овозе нест

ТӮЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

БАРОИ “Паём.нет”, “Ислоҳ.нет”, “Ахбор.ком”, Кабирӣ, Кӯри Юнус ва КСИР мусибат аст

Шабаҳе болои сари Кабирии террорист, думравакону лаганбардорони қаламбадасташ - Темури Варқӣ, Кӯри Юнус, адвокати бетақдиру зору фақир Файзиниссо, Нуриддини РМБА, Мирзои Салимпур ва даҳҳо асолатбохтаи дигар ва инчунин хоҷагони охундаш аз КСИР наздик шудан дорад. Шабаҳи мусибат. Мусибате, ки барои эшон бо фоҷиа баробар аст.

Ҳеҷ овозе нест

ЭЪЛОН: МОТАМ ДАР ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ

   Вой ҳизбакаме, вой обрӯи дурӯғакаме, вой дирамакои барбодрафтаи хӯҷаинҳоме, эй вой 1 млн.200 ҳазор доллари фурурафта дар ошӯби ҳалимаке, эй вой ғарибие, во ғарибе, во ғариб…. (ҳамин хел 100 (сад) бор ғариб, бинобар сарфаҷӯии коғаз аз такрори ёвагӯйиҳои ин ҷунунӣ парҳез шуд).

Гуфтугӯ бо худ (наҳзатӣ бо шайтон, айнан оварда мешавад):  Ин чи зиндагист, мо бадбахтҳои наҳзатӣ, аз ҳар фоҷиаи миллат, шод мешавем. Хоре ба пойи бузе халид 3 рӯз тӯй доштем. Қоматамон рост шуд, ки ӯ бузи наҳзатӣ нест. Бузҳои мо ҳушёр ва айёр, гурезпо.

Ҳеҷ овозе нест

Pages