Маҷлиси вакилони халқ

МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” амал менамояд.

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдори моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси вакилони халқи вилоятро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд.

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 69 вакил буда, шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.

Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда ба он раисикунанда имзо мегузорад.

Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз тарафи раиси вилоят (раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон) даъват карда мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ғайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.

КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.

Дар назди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 6 Комиссияҳои доимӣ мавҷуд буда, фаъолияти онҳоро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.

I. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Раҷабов Раҷабалӣ-вакили ҳавзаи интихоботии № 66 мебошад;

II. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Вализода  Абдуқодир-вакили ҳавзаи интихоботии № 50 мебошад;

III. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Ҳакимзода Қурбон–вакили ҳавзаи интихоботии  №49 мебошад;

IV.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Баҳодурзода Абдуҷабор-вакили ҳавзаи  интихоботии № 54 мебошад;

V.Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 11 вакил буда, раиси Комиссия Шодиев Маҳмад-вакили ҳавзаи интихоботии № 16 мебошад;

VI. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон, иборат аз 12 вакил буда, раиси Комиссия Раҳимзода Раъно-вакили ҳавзаи интихоботии № 60 мебошад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мӯҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.

 

  ХАР РАФТА МАККАВУ МАДИНА, БОЗ ОМАДА ҲАМОН ХАРИ КАДИМА

(Дар ҳошияи ривояти  «Хари Даҷҷол» ва  ё сафари аъзои ГМҶ-и ш.Хоруғ ба ш.Душанбе)

Пеш аз он, ки ба асли матлаб бирасем, муҳим аст, муқаддимаи навпойи худро бо гуфтае дар бораи маъниву тафсири полони хар ҳусни матлаъ бахшем, гиреҳ бизанем ва даромезем.  Бо узру маъзарат, ки суханро аз ҳайвоне шуруъ мекунем, ки беозор аст ва меҳнаткаш. Зеро ин пешгуфтор муҳим аст, хеле муҳим аст.

Ҳеҷ овозе нест

Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

Дар шабакахои ичтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва ичтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки  ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи чахонии интернет чойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурўѓпарокании хеш хамеша матлабу маќолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муѓризона ва хангомачўёнаро доранд.

Ҳеҷ овозе нест

“Инсони оқилро андеша бояд !”

Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунӣ хабарҳое ба чашм мерасад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Аз он ҷумла фавти Шейхов Абдулло Маҳмадаминович дар шаҳри Дортмунти Олмон, ки умри на чандон тўлоние яъне ҳамагӣ 46 сол умр доштааст. Ин ҳам яке аз ҳамон ҷавононе ҳаст, ки дар доми фиреби ТЭТ ҲНИ афтида дур аз ватан дар ғарибӣ умр ба сар мебурд.

Ҳеҷ овозе нест

Волоияти қонун-кафили зиндагии осоишта

Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.

Ҳеҷ овозе нест

МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.

Ҳеҷ овозе нест

ДАЪВОҲОИ КӮҲНАИ ТТЭ ҲНИ ДАР ҚОЛАБИ КУМИТАИ НАВИ НАҲЗАТӢ

 

          Дар яке аз сомонањои нањзатї матлабе тањти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роњбарияти ТТЭ ҲНИ Кумитаи нав таъсис ёфта, наљоти зиндониёнро бар уњда гирифтааст. Ҳамон зиндониёне, ки дар содир кардани  ҷиноятҳои террористӣ, табаддулоти ҳарбӣ, иқтисодӣ-коррупсионӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва одамрабоӣ  даст доранд ва тибқи адолати судӣ, ки талаботи кулли ҷомеаҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта аст, адои ҷазо менамоянд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages