Ҷилои ҳунар дар Фархори бостон

Бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон ва бо иқдому ташаббуси гурӯҳи адибон, рӯзноманигорон, ҳунармандон, омӯзгорони ноҳия рӯзи 29 апрел дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №15 чорабинии  фарҳанги – телевизионии «Ҷилваи ҳунар» доир гардид. Гурӯҳи адибон ва аҳли зиёи ноҳияи Панҷро, ки барои иштирок дар чорабинӣ ба Фархори бостонӣ ташриф оварда буданд, дар назди бинои китобхонаи марказӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия адибон, омӯзгорон ва хонандагони МТМУ № 1 бо нону намак, шеъру тарона ва садои мусиқӣ пешвоз гирифтанд. Меҳмонон нахуст аз хонаи адибон дидан карда, бо дастовардҳои эҷодию адабии шоирону нависандагони ноҳия шинос шуданд. Баъдан аз осорхонаи марказӣ, литсейи давлатии №1, китобхонаи шахсии А. Маҷидов ки дар МТМУ №10 ҷойгир аст тамошо карданд.

   Сипас меҳмононро дар даромадгоҳи МТМУ №15 хонандагони муассисаи болозикр бо гулу гулдаста истиқбол гирифта аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  намунаи мероси  гаронбаҳои гузаштагонамон, ки дар саҳни ҳавлии муассиса  ба маърази тамошо гузашта шуда буд, дидан карданд.

    Сонӣ дар толори муассиса барномаи фарҳангии «Ҷилои ҳунар» - ро муҳаррири  газетаи «Гулистон» А. Маҷидзода ҳусни оғоз бахшид. Мудири шуъбаи маориф Сафарзода Ғазалшоҳ, омӯзгор Амонулло Абдуллоев, адиб аз ноҳияи Панҷ Мирзораҳмат Давлатов ба сухан баромада оид ба рушд додани сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша карданд. Гурӯҳи адибони Фархору Панҷ бо роҳбарии Бурҳониддин Усмонов ва Субҳон Воҳидӣ аз шеърҳои тозаэҷоди худ, ки мазмуни худшиносию худогоҳӣ ва дӯстию рафоқат дошт, қироат карданд.

     Ба чорабинӣ сурудҳои анъанавӣ, халқӣ дар иҷрои ҳунармандони Фархору Панҷ ҳусни  шукуҳи хоса бахшид.

 

Ҳеҷ овозе нест