Рӯзи мудофиаи гражданӣ

    Бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ ва такмили малакаи мустаъқилона амал намудан, оид ба масъалаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, дар муассисаи таҳсилоти умумии №36-и деҳоти 20-солагии истиқлолияти ноҳияи Фархор, тибқи нақшаи чорабинӣ рӯзи мудофиаи гражданӣ доир гардид.S 4.jpg

    Барои дар ин замина, ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ ва таъсис додани мақомоти роҳбарикунанда, чорабинии мазкур, бо ширкати ҳайати мушовараи шуъбаи маориф ва ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, то санаи 19-майи соли равон бояд дар 57 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ташкилиҳо гузаронида шавад.

    S 2.jpg Барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ, дар МТМУ-и №36, дар баробари масъулини ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва намояндагии шӯъбаи маориф, ҳамзамон омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии 23 муассисаи таълимии ноҳия низ, ширкат варзиданд.

     Чорабинӣ бахшида ба рӯзи мудофиаи гражданӣ, баъди таъсиси гурӯҳҳо аз ҳисоби омӯзгорону хонандагон, нахуст ба таври назариявӣ гузаронида шуд, ки дар ин бахш сатҳи дониши ҳайати гурӯҳҳо оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, тарзи истифодаи таъҷизотҳои зарурӣ ва омода кардани гӯшаҳои иттилоотиву тарғиботӣ баҳогузорӣ карда шуд. Дар қисмати амалӣ бошад, омӯзгорону хонандагон дар иртибот ба донишҳои назариявӣ оид ба рафти мушкилот, ҳангоми рӯх додани заминларза маҳорати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.S 3.jpg

    Ҳайати ҳакамон ба вазъи омодагии 5-гурӯҳи хонандагон ва мақомоти роҳбарикунандаи мудофиаи граждании муассисаи таълимӣ, асосан дар қисмати амалӣ, аз ҷумла рӯх додани ҳодисаи сӯхтору заминларза ва дар чунин ҳолат расонидани ёрии тиббию кумак ба шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷаъмиятӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ташкили ин гуна чорабиниҳоро барои баланд бардоштани сатҳи дониш, омодагии мақомоти идоракунӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, муҳим арзёбӣ карданд.

   S 5.jpgБо мақсади иҷрои шартҳо ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани рӯзи мудофиаи гражданӣ, дар фарҷом иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз тарафи шуъбаи маориф ва ситод ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

    

    

Миёна: 4 (2 votes)