ЗИ НИЯТ МЕЁБАНД

Ҳазорон бор аз забони мубораки сардори муаззами давлати Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон, ки ифодагари маром ва симои ҳуқуқии  сокинони  кишвар ва миллати тоҷик аст ва фарзандони фарзонаи халқамон таъкид шудааст, ки моҷароҷӯёну  террористон Ватан, дин ва мазҳаб надоранду хизматгори хоҷагони бегонаеанд, ки аз гул-гул шукуфии Тоҷикистони азизи мо, аз сулҳу  салоҳу ободӣ, файзу баракати Ватани  биҳишосои мо, аз обрӯю эътибори ҷаҳонии сарвари маҳбуби мо талхакафи талхакафанд. Чун ба қадри хоку оби кишвар, шири  модар ва  арвоҳи ҳафтпушти аҷдоди худ намерасанд, аз  ҳамватанону  ҳамзабон,  ҳамсояву  хешу  табор канда шудаанд, ба давлатии озоду соҳибистиқоли Тоҷикистон, ки орзӯи азалии  миллати дар аз арсаи  таърих  бо айби наҳзатиҳо барин  фарзандони нохалафу хоинаш  азобу  ранҷ  кашида, таҳқирдидаашон мебошад, хиёнат  кардаанд,  хоинанд, хоинанду   дар назди ҳамагон русияҳ. Оқибати расвову мудҳиш намакзадагону  кӯрнамакҳоро ҳар кӣ андаке ақлу фаросат дорад, ба хубӣ дарк  мекунад ва медонанд, ки Худованди мутаол  ба ин  зот чӣ «мукофоте охирати ваъда кардааст». Сарфи назар аз ниятҳои ҳарому халалрасониҳо, хиёнатҳо  ва ҷакиши сагонаи  хоинони Ватан давлати мо рӯз то рӯз пуриқтидору пешрафта мегардад ва зиндагии халқамон  хуҷаста мешавад. Махсусан бо кӯшишу талошҳои сарварони муаззами Тоҷикистону ӯзбекистон эҳё гардидани муносибатҳои дӯстиву бародаронаи халқҳои  тоҷику узбек  кушодани роҳи дурахшони  таърихи навиштани  ҳамсоягиву бародарӣ санги дандоншиканест бар даҳони душманони миллати тоҷику давлати Тоҷикистон.  Ва нуқтаи аз ҳама муҳим он аст, ки «кӯр як бор асояшро гумм меунад» ва  ҳар  кӣ  коштаи худро даравида аз нияташ меёбад. Ва мусаллам аст, ки  бо муртадию  олудагии имон агар заррае бошад) сарбастагӣ, раҳгумии мафкураи сиёсию мазҳабӣ ва сарро  силлаву   думбаро тап- тап задани хоҷагони ҷаҳонхоҳи аҷнабӣ касе ҳатто Кабирӣ  барин  мурдан ва иблис соҳиби  шарафу номус ва  зебандаи номи  шарифи бани Одам  гаштан наметавонад. Дар ҳар ду ҷаҳон шармандаву русияҳ хоҳад монд.

 

                                                     Абдуллоев А,  директори МТМУ№5

Ҳеҷ овозе нест