Ҳифзи Ватан номуси ҷавонмардист Табрикоти раиси ноҳия Вализода Сулаймон ба муносибати 73 -солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳамдиёрон ва собиқадорони арҷманд!

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба тамоми сокинони    сарбаланди ноҳия ва бахусус  собиқадорони ҷангу меҳнат ва онҳоеро, ки дар ақибгоҳ бо заҳматҳои шабонарӯзии худ барои таъмини пирӯзӣ саҳми босазо гузоштаанд, табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама сулҳу осоиш, саломатӣ, умри дароз ва хушрӯзӣ таманно менамоям.

  Воқеан, дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳои таърихие ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургию шаҳомати онҳо бо гузашти солҳо боз ҳам бештару фарохтар мегардад. Имрӯз баъди гузашти 73 сол арзиш ва шаҳомати корнамоии беназири халқ дар қалбу хотираи мо боз ҳам равшантар мегардад ва бароямон сабақи зиндагӣ меомӯзонад. Ин корнамоиву диловариҳо таҷассумгари ҷасорати фавқуллода ва мардонагии бемисл мебошанд. Ҳамзамон ин корномаҳо садҳо ҳазор захму ҷароҳат, қурбониву маҳрумият ва хотироти талхро бо худ овардаанд. То ҳанӯз он рӯзҳо ва моҳҳову солҳои сахту даҳшатнок аз ёди халқи тоҷик, хусусан аз хотираи собиқадорони ҷанг нарафтаанд.

  Бояд гуфт, ки башарият аз замони пайдоиши оламу одам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузаронидааст. Ба ақидаи сиёсатмадорон ҷанги дуюми ҷаҳонӣ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар рафти он беш аз 72 давлатҳои хурду бузурги дунё ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтаанд. Дар ҳақиқат ҳам, ин ҷанг дунёро ба ларза овард, зеро фашизми истилогар бо ғояҳои забткоронаи худ бунёд намудани империяи абарқудрати фашистиро мақсади асосӣ қарор дода, дар як муддати кӯтоҳ қариб тамоми хоки Аврупоро ғасб намуд ва аҳдшиканона ба ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Дар набардҳои ин ҷанг беш аз 110 миллион афсарону аскарон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар задухурдҳои хунин ба ҳалокат расиданд. Аз рӯйи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг ба 4,5 триллион доллари амрикоӣ расида, дар натиҷа кишварҳои зиёде хароб, бештар аз 55 миллион одам қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатфарсо гирифтор гардиданд.

  Мову Шумо медонем, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, лекин меҳри Ватан, дӯст доштани халқу диёр ҳар як шахси ватандӯстро водор намуд то ихтиёрӣ ба майдони ҷанг равад. Ин буд, ки танҳо дар се моҳи аввали ҷанг аз Тоҷикистон зиёда аз 6000 ихтиёриён ба хатти пеши муҳорибаҳои шадид рафтанд. Садои мудҳиши ҷанг дар хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зангӯлаи наҳси худро зада, аз ҳар оила назиктарин касонро ба ҳифзи Ватан сафарбар мекард. Аскарону афсарон бо истифодаи тиру туфанг ва зиёиёни тоҷик, пеш аз ҳама шоирону нависандагон бо қаламу сеҳри сухан дар ақибгоҳ бар зидди душман муборизаи беамон мебурданд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, корнамоиву фидокорӣ ва мардонагиву диловарии насли калонсолро қадр намудан қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии мову шумост.

Вобаста ба ин, Рӯзи Ғалаба, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон маротиби  73-юм  ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир ба ҳисоб меравад. Ин санаи муҳими таърихӣ дар шумори собиқадорони ҷанг ва ашхоси кӯҳансол барои наврасону ҷавонони имрӯза ҳам гиромиву муқаддас дониста мешавад, зеро он рамзи далерӣ, шуҷоату мардонагӣ ва фидокорию ватандӯстии падарону бобоёнамон мебошад.

  Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Волотарин меъёри ватандорию  ватандӯстӣ  ин расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст!»

   Боиси ифтихор ва сари баланди мо фархориён аст, ки дар несту нобуд ва шикаст додани фашистони гитлерӣ заҳматкашони ноҳияи мо низ саҳми муносибе доранд. Мувофиқи маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ давоми панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ 2761 нафар ба таври ихтиёрию бо даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба ҷанги зидди фашистон сафарбар шудаанд ва 2172 нафари онҳо бе ному нишон гаштаанд. Аз шумораи боло танҳо 582 нафар аз байни оташи ҷанг зинда ба диёри бобоияшон баргаштаанд. На камтар аз 350 нафари дигар дар ҳайати баталиёнҳои коргарӣ дар корхонаҳои ҳарбии Руссия фаъолият доштанд. Онҳо сарфи назар аз мушкилоти замони ҷанг, гурӯснаву побараҳна барои ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг ва таъмини ғалаба тамоми нерӯву тавонашонро дареғ намедоштанд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон барои мардуми минтақаҳои ҷангзада паноҳгоҳ гардида буд. Ҳамзамон, садҳо нафар ҷавонписарони тоҷик, ки дар ҳайати Артиши Шӯравӣ хизмат мекарданд, аз қисмҳои ҳарбӣ рост ба майдони ҷанг рафтанд, ки бе ягон шакку шубҳа дар байни онҳо ҷавонписарони фархорӣ низ буданд.

   Ҳамдиёрони азиз! Аз мутолиаи асарҳои таърихнависон бармеояд, ки аз майдони муҳорибаҳои зидди фашистӣ 3 нафар родмардони фархорМ бо ордени «Шараф», 155 нафар бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», 211 нафар бо медали  «Барои шӯҷоат», 5 нафар бо ордени «Ситораи сурх» баргашта, 141 нафари дигар бо медалу раҳматномаҳои гуногун сарфароз  гардидаанд.

  Айни замон дар ноҳияи Фархор танҳо 10 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки  онҳо аз  ғамхориҳои пай  дар  пайи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор бархӯрдор шуда меистанд.

 Воқеан ҳам, рӯзи Ғалаба бар фашизм инсониятро ҳӯшдор месозад, ки барои пойдории сулҳу салоҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошанд. Умуман, ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани оқибатҳои харобиовари ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талху ногувори таърих, фоҷиаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин, ваҳшонияту бедодгариҳои ҷанги шаҳрвандиро надорем. Бошад, ки наслҳои имрӯзу ояндаи кишварамон ҳамеша барои мустаҳкамии Ваҳдати миллӣ кӯшишу талош варзида, дар ободонию созандагиҳои сарзамини ягона ва зодгоҳи муқаддаси худ камари ҳиммат банданд. Албатта, дар ин кори хайру наҷиб ва тарбияи дурусти насли наврас,  собиқадорони ҷангу меҳнат ва пирони рӯзгордида саҳми муносиб гузошта метавонанд, чунки қаҳрамониву шӯҷоат, далериву матонат ва хислатҳои созандагиву  бунёдкоронаи шумоён барои ҳар як ҷавони имрӯза дарси ибрат аст.      

   Бори дигар ба ҳамаи Шумо собиқадорони муҳтарам ва ба ҳамаи онҳое, ки дар солҳои ҷанг заҳмати вазнини ақибгоҳро бар дӯши худ доштанд, ҳамчунин ба тамоми мардуми  Фархори  бостонӣ  Рӯзи Ғалабаро самимона табрик мегӯям ва бароятон хонаи обод, файзу баракати  рӯзгор ва кулли хушиҳои зиндагиро таманно  мекунам.

   Бигузор, сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистони тозабунёду соҳибистиқлоли мо танинандозу ҳукмфармо бошад.

         Иди Зафар муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

Ҳеҷ овозе нест