Кӯмакпулӣ ба меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

    Субҳи 4- май, Абдуфатоҳзода  Г. А. сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Фархор Вализода Сулаймон Кабуд  ва Наврӯззода Аслбӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, 10 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 аз ноҳияи Фархорро аёдат намуда, кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ба маблағи 4000 сомонӣ, кӯмакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,  ба маблағи 1000 сомонӣ ва кӯмакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба маблагӣ 800 сомонӣ тақдим намуданд.

     Абдуфатоҳзода Г. А. сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Сулаймон Раиси ноҳияи Фархор ва Наврӯззода Аслбӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, зимни сӯҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  Мирзоев Тағай, сокини Ҷамоати деҳоти Ғайрат, Файзов Баҳодур, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Хидиров Хумбаҳмад, сокини Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Мирзоев Раҳим, бошандаи Ҷамоати шаҳрак, Бобоев Сафар, аз Ҷамоати деҳоти Гулшан, Баротов Қутбиддин аз Ҷамоати деҳоти Фархор, Ибрагимов Раҳмонқул, сокини Ҷамоати деҳоти Ғайрат, Нозимов Ҳабибулло, аз Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, Қурбонов Ҳигмат истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ватан, Азимов Абдураҳим сокини шаҳраки Фархор, эшонро бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

    Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

    Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофии Роҳбари Давлат сарҷамъ бошем ва барои сохтмони бузурги Истиқлолият хишти созандае гузорем

                                                                                                                                                                            Дафтари матбуотии

                                                                                                                                                                            ноҳияи Фархор

 

Ҳеҷ овозе нест