Сад ранги чакан

Бахшида ба эълон гардидани Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби расму оинҳои миллӣ, ҷалби бонувони хонанишин ба корҳои ҷамиятӣ, санаи 13.04.2018 тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази савдои Душанбе-«Мол Ашан» ва бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон Қосимзода Идигул ва инчунин мудирони бахши занони шаҳру ноҳияҳои мамлакат алалхусус ноҳияи Фархор, чорабинии фарҳангӣ таҳти ӯнвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

     Дар ин чорабинӣ ҳунармандони ноҳияи Фархор бо намоиши ҳунарҳои мардумии худ аз қабили чодар, куртаҳои гулдӯзӣ, тоқию рӯймолча, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

     Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокнамудагон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабинӣ, бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Қумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

                                                            

                                     

Ҳеҷ овозе нест