Cержант Баротов

    Аз Ғалабаи оламшумури Артиши Шӯравӣ аз болои қушунҳои  фашистӣ  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расо 73 сол сипарӣ мешавад. Ин  санаи таърихӣ ҳар қадаре, ки аз мо дур равад ҳам, диловарию корнамоиҳои халқи шӯравӣ дар ин ҷанг ҳамон андоза аёнтар, бо ҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мегардад. Устод Лоҳутӣ гуфта буданд:

 Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,

 Ҷанги хунину бераҳмона буд.

  Дар ин ҷанги  мудҳиштарини таърих аз Тоҷикистони мо низ ҳазорҳо нафар иштирок карда, аз худ корнамоиҳои зиёде нишон додаанд.

 Баротов Қутбиддин низ бо даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияи Балҷувон баробари дигар диловарони Ватан октябри соли 1942 ба ҷанг меравад. Аввал аз тактикаи ҷангӣ дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) гузашта, сонӣ ба фронт фиристонда мешавад.

   Чун қаду қомати баланд ва паҳлавонҷусса буд ӯро дар гурӯҳи миномиётчиҳо дар ҳайати полки 1009 – уми тирандозӣ мегиранд, зеро барои идора кардани ин навъи силоҳ шахсони пурқуввату зирак лозим буд.

 Чолокиву ҳушёрии ӯро дида роҳбарони ҳайат дар дастаи миномиётчиҳо ҳамчун нишонгир таъинаш мекунанд.

  Дар озод кардани шаҳру давлатҳои Курск, Полша, Чехословакия ширкат варзида аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додаст. Чандин маротиба бо ҳайати ҷангиашон ҳамлаҳои шадиди душманро баргардонида дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ душманонро маҳв месозанд.

  Чунин лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти давраи ҷангии Баротов Қутбиддин хеле зиёданд. Махсусан муҳорибаи назди Курскро бе эҳсосот нақл карда наметавонад. Маҳз дӯстиву якдилӣ ва азму иродаи қавии халқҳои шӯравӣ буд, ки бар фашизми Гитлерӣ ғалаба ба даст овардем, мегӯяд бобои Қутбиддин.

  Барои гузаронидани амалиётҳои бомуваффақияти ҷангӣ ва нишон додани ҷасорату мардонагӣ ӯро бо рутбаи сержант ва ордени «Ҷанги Ватанӣ», медали «Жуков» ва дар солҳои баъди ҷангӣ бо медалҳои «20 -солагии Ғалаба», «30- солагии Ғалаба», «40 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Панҷоҳсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Шастсолагии Қувваҳои  Мусаллаҳи СССР», «Ҳафтодсолагии Қувваҳои Муссалаҳи СССР» сарфароз мегардонанд.

  Пас аз баргаштан ба Ватан соли 1953 оилаи онҳоро аввал ба ноҳияи Темурмалик ва баъдан ба ноҳияи Фархор муҳоҷир мекунанд. Дар ноҳияи Фархор ба пахтакорӣ машғул шуда, барои натиҷаи хуби меҳнатӣ нишон додан бо медали «Собиқадори меҳнат» мукофотонида шудааст. Аз соли 1983 ба нафақа баромадааст.

   Ҳоло бобои Қутбиддин ба синни 95 қадам мондаву дар иҳотаи фарзандону набераҳо даврони пирӣ меронад. Аз дастгириҳои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан аз Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатпазир аст.

 Чанд маротиба зимни сафарҳои кории Сарвари давлат ба ноҳияи Фархор бо ӯ вохӯрдаву мулоқот намудааст. Лаҳзае, ки даст ба  чакаи сар бурдану ба Сарвари давлат худро сержант Баротов муаррифӣ кардан ва дасти онро сахт фишурдан ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ҳанӯз ҳам гармии дастони Пешвои муаззами миллатро эҳсос мекунам, гуфтанд бо ифтихор бобои Қутбиддин.

  Сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар руҳияи сулҳу субот, ватанпарварию башардӯстӣ тарбия намуда, рисолати соҳибватанӣ, қарзу фарзи ҷавонмардӣ ва муҳофиз буданамонро ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, таъкид карданд, бобои Қутбиддин.

                                                                                                                                                                          И. Сайдаҳмад.  

 

Ҳеҷ овозе нест