Маҳсулотҳои«Шукрона» беҳтаринанд

 (Мусоҳиба бо раиси кооперативи матлуботи «Шукрона» Узбеков Бахтиёр)

 Савол: Акои Бахтиёр, бигўед, ки корхонаи «Шукрона» -ро кай таъсис додед? Умуман ҳадаф чї буд?

 Љавоб: Шумо хуб медонед, ки имрўз аз ҳарваќта дида  талаботи мардум дар се ваќти хўрокхурї  ба масолеҳҳои ширї зиёд шудааст. Масалан, чойи саҳариро бе ќаймоќў шир тасаввур кардан мумкин нест. Ҳатман дар хўроки нисфирўзї рўи дастурхон бояд љурѓоту дуѓоба бошад. Дигар ин ки дар замони бозаргонї бекор  ба гўшае нишастан ва умрро ройгон гузаронидан ҳељ маъно надорад. Ба ҳамин хотир ният кардам, ки корхонае кушоям. Соли 2011 аз бинои холимондаи собиќ заводи нонпазии ноҳия се утоќро иљора гирифтам ва корхонаи коркардї маҳсулотҳои шириро ба роҳ мондам, то алҳол фаъолият дорад. Аз як тараф талаботи ѓизоии мардумро то андозае таъмин кунам, аз тарафи дигар ҳоло нуҳ нафар занону духтарон бо кор таъмин буда аз ҳамин даргоҳ зиндагиашонро пеш мебаранд ва охиран эҳтиёљоти оилаи худам низ бароварда мешавад.

 Савол: Бигўед, ки ашёи хомро аз куљо дастрас мекунед?

 Љавоб: Дастрас гардонидани ашёи хом он ќадар кори дўшвор нест. Лекин ашёи хоми мо, ки аслан шир аст, аз хољагидорони  ботаљриба Ятимов Мумин, аз хољагии «Зиёратшоҳ» ва аз хољагии Юнусов Назархўља корхонаро  бо шир таъмин мекунанд.

 Савол: Дар як шабонарўз чї ќадар шир коркард мешавад?

 Љавоб: Мо метавонем аз 250 то 300 литр ширро коркард кунем.

 Савол: Кадом навъи маҳсулот бароварда мешавад?

 Љавоб: Имрўз талабот ба маҳсулотҳои ширї зиёд шудааст, ки ин нишон аз сатҳи хуби зиндагї аст. Бо боварї мегўям маҳсулотҳои мо дар раќобат бартарї нишон дода метавонанд. Аз ин рў ќаймоќ, љурѓоту дуѓоб, чакаю ќурутҳоямон муштари зиёд доранд, яъне хушхариданд.

 Савол: Маѓоза – дўкон ҳам доред?

 Љавоб: Айни ҳол чунин дукон надорем. Ният ҳаст, ки дар ягон мавзеи сераҳолии шаҳракамон, ки мардум ниёз ба маҳсулотҳои  ширї доранд, фурўшгоҳе бисозем.

 Савол: Ҳоло дар куљоҳо маҳсулотатонро ба фурўш мебаред?

 Љавоб: Ҳар ҳафта се маротиба ба ноҳияи Ҳамадонї (онљо талабот зиёд аст), ду маротиба ба ноҳияи Данѓара ва боќимондаашро дар шаҳраку деҳоти Фархор мефурўшем.

Савол: Шояд муттахассисҳои варзида доред?

 Љавоб: Рухсора, Дилором ва Муҳаббат таљрибаи хуб ҳосил карда, ҳунарманду мутахассиси хуб шудаанд. Боварї дорам, ки дар дилхоҳ корхонаи калон аз уҳдаи кор мебароянд. Ҳамин аст, ки ҳамарўза аз дигар ноҳияҳо дўконҳои ѓизофурўшї телефонї зангамон мезананд, ки ба суроѓаи онҳо низ маҳсулотамонро расонем.

 Савол: Бигўед, ки мавќеъ ва шароити кор дар коргоҳи Шумо чї гуна аст?

 Љавоб: Алҳол шароити корамон хуб аст. Мавќеи корхонаамон ҳам дар љои хуб љой дорад, талаботҳои санитарї гигиенї хуб риоя мешавад. «Шукрона», ки маҳсулотҳои ширї мебарорад бояд дар заминаи худаш хољагии говпарварї дошта бошад, то ин ки як миќдор ашёи хомро худамон истеҳсол кунем. Раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон  боре аз вазъи корхонаамон дидан карданд. Ҳамин норасоиро ба он кас арз кардам. Дасгирї карданд ва ба кумитаи замин супориш доданд, ки ҳатман ба корхона наздик 10 сотих замин људо шавад.

 Савол: Дастгоҳ ва ќисмҳои эҳтиётии онҳоро аз куљо дастрас мегардонед?

 Љавоб: Дастгоҳҳоямон русї ва хитоианд. Бо комбинати шири шаҳри Душанбе робита дорем.  Зарфҳо, сарпўшҳо ва этикеткаҳои рекламавиамонро аз ҳамин комбинат мегирем. Ногуфта намонад, ки дар озмун – намоишҳо иштирок карда, раќобат нишон дода метавонем. Соли гузашта дар яке аз ҳамин гуна озмун сазовори Шаҳодатномаи «Беҳтарин соҳибкор» аз тарафи комиссияи давлатї оид ба татбиќи мароторияи санљишҳои фаъолияти субектҳои соҳибкорї дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои ширї гардидем. Намояндаҳои Госстандарт ҳам аз  кори мо ќаноатманданд. Охирҳои соли 2017 раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода як дастгоҳи озмоишї бароямон ройгон кўмак расониданд, ки ирўз корамон хеле пешрав шудааст.

 Савол: Маош ва шароити майишии коргарон чї гуна аст?

 Љавоб: Маош алҳол 450 – 650 сомониро ташкил мекунад. Субҳона ва хўроки нисфирўзиашонро дар ҳаминљо ба таври ройгон мехўранд ва дигар кўмакҳо ҳам ҳаст. Ба идораи андоз ҳам сари ваќт кўмакамон мерасад. Ҳамин ки замини хољагии ёрирасон људо шуд, мо метавонем ҳаљми истеҳсолро зиёд кунем. Аз ҳисоби обчакории худї консервониданро ба роҳ монем. Барои чанд нафари дигар љои кор пайдо мешавад ва  ҳам шояд сатҳи маош ҳам боло равад.

 Офарин, акаи Бахтиёр! Аз суҳбатамон ба ҳамин хулоса омадам, ки Шумо на танҳо беҳтарин соҳибкоред, балки соҳибкори муваффаќ ҳам ҳастед.

 Дар бештари дўконҳои ѓизофурўшї маҳсулотҳои корхонаи «Шукрона» - ро дида аз дўкондорон мепурсем, ки сифату таъму маззаашон чї гуна аст? Бо ќаноатмандї мегўянд, ки маҳсулотҳои шири корхонаи акаи Бахтиёр беҳтаринанд. Аз дигар ноҳияҳо ҳам мебиёранд, лекин истеҳсоли «Шукрона» навъи олї аст. Кош, сафи чунин љавонони соҳибкори миллату ватандўст зиёд мешуданд.

 Боќї ба Шумо бурдборї мехоҳем акаи Бахтиёр.

                                    Исмоилов С.

                                      А. Маљидзода.

 

 

Ҳеҷ овозе нест