Нангу номус мебояд

Дар ҳамаи давраҳои таърихи башарият авлоди одамӣ орзуи азалие дошт, ки дар ҷомеае умр ба cap барад, ки дар он адолати иҷтимоию инсоф, баробарию бародарӣ, сулҳу салоҳу ваҳдати ҳақиқии миллӣ ҳукмрон бошад ва оддитарин инсон тавонад муносибу мувофиқи армону ҳавасҳояш умри кӯтоҳи худро гузаронад, он чи ки нисбати фарзандон ва авлод орзу мекунад, амалӣ карда, тавонад, вагарна ҳақиқат ба қавли кулли бузургон- аз Зардушт то ба имрӯз, навъе, ки шайхи бузургвор, пири тариқат Саъдии Шерозӣ хулосабарорӣ кардаанд: «Чаро зинда шуморид касеро, ки зиндагии ӯ на бар муроди ӯ бувад». Шукри марҳамати илоҳӣ ва ақлу хиради азалии миллати тоҷик, ки дар тӯли таърих барои кулли қавму қабилаҳои дигари Осиёи Вусто- аз Хуросони бузург то Уйғуристону Муғулистон вазифаи муаллимӣ, устодии худро андар шинохти дину ойин, ба хусус дини мӯъбини Ислом сарбаландона иҷро кардааст, имрӯз давлате арзи ҳастии қариб 25-сола дорад бо номи Тоҷикистони азизу муътабар. Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистон давлати бар хилофи назари аҷдодони Тури бобои Фаридун хурду кучак нест ва дили минтақа аст ва миллати тоҷикистонӣ алъон хушбахт, тинҷу осуда, дар фазои сулҳу салоҳу ваҳдат зиндагӣ дорад. Мешавад вақте ки аз забони ширу шутурхору гушти сусморхор (Ба таъбири Фирдавсии бузург:

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷое расидааст кор,

Ки тахти Каёнро кунад орзу,

Туфу бар ту, эй чархи гардун туфу!

Ва сармоягузорони онҳо, ки олами Исломро шарманда кардаанд ва имону виҷдони худро ба инглису амрикоӣ фурӯхтаанд (як бор не, садҳо бор) ва ҳамияти худро бо мерседесу лимузинҳои то 21 метра ва бонуҳои дину мазҳабҳои гуногун иваз намуда, беҳтарин симоҳои аҳли суннату ҷамоаро бо фармони хоҷагони ғайриисломӣ қурбонӣ сохтаанд, хоҳем шунид, ки дини Ислом ва шариати ҳазрати Муҳаммад (с) дар беҳтарин шакл ва мӯҳтаво дар Тоҷикистон ҷорист ва эҳтироми арзанда дорад. Ҳақиқати воқеист, ки дар ҷараёни барпо кардани як давлати пешрафтаи дунявӣ, ба хусус дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки оромию тинҷиро аз даст додаст, камбудиву норасоиҳои зиёде пайдо мешаванд, аммо онҳоро давлати имрӯзаи мо бо сарварии Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқилона бартараф сохта, баҳри таъмини бехатарии мамлакат ва зиндагии шоиставу арзандаи халқ ҳамаи чораҳоро меандешанд. Кӯр ва муғризи сиёсӣ бояд буд, то дастоварду пешравиҳои азими Тоҷикистонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва миқёси олам нодида пиндорӣ. Ҳангоме ки нафарони алоҳида ё ҳизбҳои низоъандоз, гурӯҳҳои тундраву кундрави навпайдои бадфарҷом сабақҳои ҷанги бародаркушро ба фаромӯшӣ супурда, ба ҳаёти осоиштаи миллат, тинҷию осудагӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ халал ворид сохтанӣ мешаванд, одам ба ҳайрат меафтад ва беихтиёр меандешад, ки ҳамият ва номуси миллии чунин ғаразҷӯён куҷо бошад? Ё худ ҳамагон мебинанд ва нағз медонанд, ки кадом ҳизб ё қувваи сиёсӣ дар ободии Ватан талош меварзад. Рафтору кирдори бадахлоқона ва ғайришаръию ғайриинсонии як қатор аъзоёни ҲНИТ ва муллотарошони навбаромад ва аҳли ришу сари тос нафрати ҳақиқии мардумро бедор карда, ба оромӣ, осудагӣ ва сулҳу ваҳдати давлат зиён ворид карда, обрӯю эътибори бузургу нотакрори дини мӯъбини Ислом ва ғуруру ифтихори миллиамонро паст мезананд. Ин тоифа аксаран ҷавонон ва занону духтарони ҷаҳонбиниашон маҳдуд ва хомро ба кӯчаи раҳгумию саргумӣ меандозанд. Оиди ҷавонон, ки тақдири миллату давлат ба дасти онҳост, такрор шавад ҳам, бояд гӯям, ки мо падарону модарон дар тарбияи онҳо гуноҳи калон дорем, зеро навъе, ки таҷрибаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, мо фарзандонро тарбияи дуруст намедиҳем, барои рафтору кирдори онҳо бар хилофи қонунгузории ҷорӣ ва талаботи шариати Ислом масъулияти даркорӣ ҳис намекунем ва дар ниҳоят ҳамон ҳикмате мешавад, ки «Ҳар он чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ» Ба маврид мешавад, таъкид намоям, ки ба барномаҳои таълимии муассисаҳои соҳаи маориф фанҳои «Таърихи дин», «Маърифати оиладорӣ» ва «Ифтихори ватандорӣ»-ро, ки дар тарбияи комил ва худшиносию худогоҳии миллӣ ва мазҳаби ҷавонону наврасон аҳамияти калон доранд, аз нав ворид бояд кард. Таълиму тарбияи фарзандонро навъе ташкил бояд кард, ки аз хурдӣ дар рӯҳи худшиносию худогоҳ ва ифтихори миллӣ ба воя расида, зери шиори «Мо ворисони Тоҷикистони бузургем» рафтор намоянд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки ин давлати озоду босаодат ҳамту аз осмон наафтодааст, балки ба ивази хуну меҳнату ҷоннисориҳою ҷонбозиҳои садҳо ҷавонон, фарзандони асили миллат сохта шудааст ва иншооллоҳ дар наздиктарин мӯҳлат ба яке аз давлатҳои ободу зебо ва пешрафтаи олами муосир табдил хоҳад гашт. Баҳри ба ин мақсади наҷиб расидан ва Тоҷикистони азизро ба хонаи ҳақиқии умеди тоҷикони олам табдил додан ҳама- хурду калон аз 7 то 70-сола бояд меҳнати ҷонфидоёна, мардона ва ободгарона карда, ҳеҷ чизамонро аз Ватани аҷдодӣ ва ҳамватанони азиз дареғ надорем ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷодаи гул-гулшукуфии меҳан ва азалӣ гардонидани сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ бо ҳар роҳу восита халал расонданӣ мешаванд, ҷавоби қатъӣ ва ҷавонмардона диҳем.

Зеро:- Кӯзапуштеро пурсиданд, ки оламро чун мебинӣ?

Ҷавоб дод:- Ҳама ҷаҳон дар назарам кӯзапуштанд. Ин як ҳикмати бисёр аҷибест ва мо, миллати тоҷикистонӣ, минбаъд баъди ин қадар фалокату маҳфумиятҳо фирефтаи ғаразҷӯёни бемасъулият нахоҳем шуд. Навъе, ки падарон фармудаанд: «Саг меҷакаду корвон ба раҳи хеш меравад». Орзу мекунам ва боварии комил дорам, ки Тоҷикистон соҳиби воқеии Хуросони бузург ва пушту паноҳи ҳамзабонону ҳамватанон гардида, бо дуо ва нияти неки бузургон ва меҳнати фидокоронаи фарзандони асилаш ба файзхонаи воқеӣ табдил меёбад ва баҳри амалӣ гаштани ин мароми аҷибу муқаддас аз ягон душворӣ набояд ҳаросид.

Абдуллоев Амонулло, директори

муассисаи №5

 

Ҳеҷ овозе нест