Ташкилоти собиқадорони сарҳадӣ дар ноҳия таъсис дода шуд

   Субҳи 22 апрел намояндагони Кумитаи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенант Сайфуллоев Сафаралӣ, полковник  Сафаров Ҳабибулло сардори ситоди собиқадорони сарҳадбон, подполковник Абдусаттори Гулаҳмад, майор Бадуров Гурез, собиқ прапоршики калон Давлатов Сайдаҳмад роҳбари ташкилоти «Бародарони ҳамяроқ» (Боевое братство) дар назди пойгоҳи артиши 201 - уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Фархор омаданд. Ҳадафи Кумитаи сарҳадот ва амнияти кишвар аз ҳамин иборат буд, ки дар ноҳияи Фархор шуъбаи ташкилоти собиқадорони сарҳадчӣ таъсис дода шавад. Ба ин хотир аз комендатураи сарҳадӣ 10 нафар аскару афсар ва собиқ сарҳадчиёни дидбонгоҳи №12, ки дар задухӯрди шадиди рӯзи 13 июли соли 1993, ки байни сарҳадчиёни Федератсияи Россия ва мухолифини тоҷикон рух дода буд, даъватӣ буданд. Ҳамчунин раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Иззатуллоев А роҳбари ташкилоти озоди «Сипарони Ватан»   С.Сайдамир ширкат доштанд. Модари сарҳадчӣ Ҳайдаров Аслиддин, ки дар ҳамон муҳорибаи нобаробар ва хеле шадиди рӯзи 13 июли соли 1993 қаҳрамонона ҳалок шуда буд, иштирок дошт. Модар ордени «Барои шуҷоат» (За отвага) гирифтаи писарашро  ҳамроҳ оварда буд.  Баъд аз пешвозгирӣ, ҷаласа дар толори китобхонаи марказӣ баргузор гардид.

    Муовини раиси ноҳия Бобохонзода Рустам баъд аз муаррифии меҳмонон суханро ба генерал – лейтенант Сайфуллоев   Сафаралӣ супурданд. Он  кас  дар  бораи  таърихи  сарҳадоти  кишвар каме маълумот дода, сони ҳадафи омаданашонро, ки дар Фархор ташкил кардани ташкилоти собиқадорони сарҳадбон буд, иброз дошта гуфтанд, ки ин ташкилот ташкилоти ҷамъиятӣ буда, бевосита ба тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ва ҳамкорӣ бо муҳофизони сарҳад сарукор дорад. Мо, гуфт Сайфуллоев С, бояд насламонро аз даврони мактабхонӣ сар карда худшиносу ватандору Ватанпарвар тарбия кунем. Имрӯз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон воқеан хеле таҷовузкор шудаанд. Аз ин лиҳоз ба мо лизим аст ҳарчӣ бештар зираку ҳушёр бошем. Ҳамзамон таклиф карданд, ки дар ноҳия ташкилоти собиқадорони сарҳадчӣро таъсис дода, як нафар раис ва панҷ нафари дигарро аъзо интихоб кунем. Ҳамин тариқ собиқадори хизмати сарҳадӣ Худанов Бахтиёр раис ва бародарони ҳамяроқ Ѓаффоров Қ, Темуров Р, Баҳовуддинов, Назаров ва Шораҳматов ба ҳайси аъзои раёсат интихоб шуданд.

 Сонӣ собиқ прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии 4 - уми ноҳия ҳоло намояндаи Тоҷикистон дар назди артиши 201- уми Федератсияи Россия аз ҳаёти хизматии сарҳадбонони 15 – 20 соли пештар ёдоварӣ карда, чанд сипоснома ва ифтихорномаҳои ташкилоти «Бародарони ҳамяроқ» - ро ба собиқадорони меҳнати ноҳия ва собиқ аскарони сарҳади 12 -ум супориданд.

 Баъд аз анҷоми ҷаласа бо таклифи меҳмонон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 рафта, бо аскару афсарҳои он дидбонгоҳ вохӯрӣ гузаронида шуд, ки хеле хотирмон буд.

Ҳеҷ овозе нест