Ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» Беҳтарин неъмати зиндагӣ – об аст

Донишманде гуфтааст: Замин кураи намест, ки дар иҳотаи  вартаи рутубатнок қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат дар замин об якуним миллиард метри мураббаро ташкил медиҳад. Дар рӯи замин оби ошомиданӣ хеле кам аст. Он танҳо ду фоизи оби кураи заминро ташкил медиҳаду халос. Аз чор се ҳиссаи оби ошомиданӣ дар ҳолати ях мавҷуд  мебошад. Ин миқдор қиёсан дар рӯи замин мисли қатрае ба назар мерасад. Аммо ин «қатра» дар замин  нобаробар тақсим шудааст. Дар  қисми шимол, дар он ҷое ки иқлими хунук дорад, дарёҳои бузург ва пуроб ҷорианд, дар ҷануб, дар ҷое, ки одамони зиёде зиндагӣ мекунанд, муассисаҳои саноатӣ ҷойгир шудаанд, дарёҳо хеле каманд.

     Ба инсон чӣ қадар об лозим аст? Шояд, ҳамон миқдори обе, ки ҳоло мавҷуд аст, кифоя мебошад? Инро ҳисоб карда мебароем. Барои он ки як тонна чӯян  гудохта шавад, 130 м3 об лозим аст.  Барои гудохтани як тонна мис бошад, 500 м3 об талаб карда мешавад. Барои он ки як тонна каучук ба даст ояд, 2 ҳазору 700 м3 об  сарф мешавад. Фақат барои як тонна!

 Агар оилаи мо, сокини шаҳр бошад, дар як шабонарӯз аз қубури обгузар ҳазор то ду ҳазор литр об истифода мебарад. Гап дар сари он нест, ки одамон аз дарёҳо чӣ қадар об мегиранд. Одамон мутаассифона обро ифлос ҳам мекунанд. Рақамҳои ташвишовар хеле зиёданд. Масалан, ҳар як м3 боқимондаҳои сӯзишворӣ, ки ба дарё партофта мешавад, даҳ баъзан сад – сесад м3 оби тозаи дарёро ифлос карда метавонад.

   Чӣ бояд кард? Офати кӯраи замин бо суръат зиёд шуда истодааст, саноату кишоварзӣ инкишоф  ёфта истодааст. Талабот ба об рӯ ба афзоиш мебошад. Одамон обанборҳо бунёд мекунанд. Ҳанӯз се ҳазор сол пеш аз мелод дар Миср обанбори нохустин сохта шуда буд. Ҳоло дар рӯи замин зиёда аз 15 ҳазор обанборҳо мавҷуданд. Ин обанборҳо баҳрҳои калони сунъианд, ки худ миқдори зиёди обро нигоҳ медоранд. Масоҳати ҳамаи обанборҳои рӯи замин даҳ баробари баҳри Арал мебошанд. Аз эҳтимол дур нест, ки  дар оянда аз Гренландия ва Антарктида ба биёбонҳои ҷануб яхҳои бузург – айсбергҳоро кашонида биёранд.

Гидрогеологҳо дар бисёр мавзеъҳои кураи замин баҳрҳои зеризаминиро кашф кардаанд. Ҳамчун оби ошомиданӣ онҳоро истифода бурдан мумкин аст.

   Мутаассифона, захираи оби ин баҳрҳо хеле маҳдуд аст ва он хеле суст барқарор мешавад. Олимон таҷриба гузаронида истодаанд, то ки  боронро бо хоҳиши худ «даъват» намоянд. Аммо барои борони сунъӣ маблағи зиёд сарф мешавад. Оби баҳр дар рӯи замин захираи номаҳдуд дорад. Дар  замони мо дастгоҳҳое сохта шудаанд, ки оби баҳрҳоро тоза намуда, ба оби тозаи ошомиданӣ мубаддал мекунанд. Дар  замони Шуравӣ дар шаҳри Шевченкои нимҷазираи Мангқишлоҳи Қазоқистон аввалин обтозакунаки ошомиданӣ дар ҷаҳон сохта шуд, ки он оби баҳри Каспийро истифода бурда, муассисаҳои нефт ҳосилкунӣ ва шаҳри Шевченкоро бо оби тоза таъмин менамояд. Об муҷизан  бебаҳои табиат буда, асоси пойдории оламу одам, ободию пешрафти тамоми соҳаҳо буда,ба истифодаи самараноку оқилонаи ин неъмати бузург зич вобаста мебошад.

   22 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ватдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинии ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки дар ш. Ню – Йорки ШМА баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд ва таъкид намуданд: «Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ ба захираҳои об алоқаи зич доранд».

 Моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифтаро ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ин ки баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи навин мақому манзалати сазовор пайдо кунад. Ҳар қадаре, ки дар васфи ин неъмати муқаддас гӯему нависем, кам асту кам. Бе об дар рӯи замин ҳеҷ як ҷони зинда вуҷуд дошта наметавонад. Мо обро бояд ҳарчӣ бештар эҳтиёт намоем. Оберо, ки ҳар рӯз ва ҳар соат барои мо зарур аст. Ҳама дар ин масъала бояд андеша кунад.

Ҳеҷ овозе нест