Чорабиниҳои фарҳангӣ

Дар арафаи ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳрак ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия чорабиниҳои идона фарҳангию – фароғатӣ гузаронида шуданд.

 Ҳунармандони Қасри фарҳанг бошанд барномаи махсуси консертӣ омода намудаанд, ки он дар рӯзи ҷашн пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Дар китобхонаи марказии ноҳия намоиши китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳое, ки таррануми ваҳдатро дарбар мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

  Илова бар ин мардум дастҷамъона ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи боғи фарҳанг, кӯчаю гулгаштҳо ва саҳни идораҳои худро тозаю озода намуданд.

 Дар чеҳраи ҳар яки онҳо ҳисси миллию ватандӯстӣ ва табъи болидаю идона дида мешуд.

Ҳеҷ овозе нест