Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ бо сокинони деҳоти ноҳия

Бо мақсади иҷрои амри раиси вилояти Хатлон аз 15 майи соли 2018  №10 ҷиҳати ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия расонидани муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии  моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли 2018 мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо амри  раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.

              Аз 26 май сар карда ду гуруҳи корӣ бо роҳбарии Назаров Алиҷон – раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва гурӯҳи дуюм бо роҳбарии Талбова Дилбар – мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоту вохӯриҳо дар ҳама Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия роҳандозӣ намуданд.

 Суҳбатҳои раисони гурӯҳҳо Назаров Алиҷон, сархатиби масҷиди ноҳия Обидов Амонхӯҷа, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, Сайфиддинова Моҳира - мудири  шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳия, Талбова Дилбар – мудири шуъбаи кор бо занони ноҳия, Мирзоев Хуршед – мудири бахш оид ба корҳои дин, Одинаев Раҷабалӣ – сардухтури бемориҳои сил, Раҳимзода Низорамо – мудири бахши САҲШ - и ноҳия, Муродов Саидмумин – имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти Фархор – аъзои Шӯрои  уламои Маркази исломии ҶТ атрофи ҳадафҳои мубрамтарин масъалаҳои доғи рӯз – аз қабили: шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷиноятҳои нобахшидании ТЭТ ҲНИТ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва айни замон  ташвиқотҳои зиддидавлатии онҳо аз хориҷи кишвар, муҳоҷирати меҳнатӣ, бемориҳои сироятии сил, ВИЧ СПИД, нашъамандӣ, оқибатҳои бесаводӣ, сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, исломи воқеъӣ ва радикалии ҷангҷӯй, аз хондан дур мондани ҷавонон, либоси миллӣ, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ривоҷ додани ҳунарҳои халқӣ ва шарҳи дигар масъалаҳо ниҳоят ибратомӯз буданд. Махсусан андешаҳои муҳаррири рӯзномаи «Гулистон» атрофи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хеле ибратбахш буданд. Маҷидзода изҳори нигаронӣ карданд, ки имрӯз бояд ҳамаи ҷавонон, бидуни он ки маълумоти олӣ дорад ва ё дар ҷое кор мекунад ва ё писари мансабдоре, аст барои ӯ хизмати Модар – Ватан фарз аст. Агар фарзанди ҳамин сарзаминӣ, бояд хизмат кунӣ, иброз дошта гуфтанд рӯзноманигор. Қонун бояд риоя шавад. Хулоса, гуруҳҳои кории таблиғотӣ бо мардуми ноҳия вохӯриҳои судманд гузарониданд.

Ҳеҷ овозе нест