КОРРУПСИЯ ВА ТЕРРОРУ ИФРОТ ЯК ҲАДАФ ДОРАНД

Ба кулли мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки баъд аз ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ, ки аз сар гузаронидем, иқтисодиёту истеҳсолот, пешрафти ҳама самтҳои зиндагии мардум, ахлоқ ва маънавиёти хурду бузургамон ниҳоят сахт коҳиш ёфт. Яқин аст, ки ҳамагуна ҷангу хушунат одамон ва давлатро рӯ ба камбизоатӣ ва нодорӣ мебарад. Дар чунин маврид нафси инсонҳо  саркаш шуда бисёриҳо – хоҳ мансабдору хоҳ бемансаб ба-                                                                               рои қонеъ гардонидани нафси ҳарроми хеш тайёранд, ки қонунро поймол намоянд. Чунин амалро дар сиёсати ҳуқуқӣ коррупсия ва ё фасоди ахлоқи ҷомеа меноманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зуҳур ёфтани ин падидаи номатлуб – коррупсия, дар яке аз баромадашон изҳори нигаронӣ намуда, чунин таъкид намуда буданд:  «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва ба поён овардани шиддати он сафарбар намоем».

            Дар воқеъ аз он рӯзе, ки Худо ин оламу одамро бино кард, коррупсия – ин амали бад ҳамроҳаш то  имрӯз омад. Инсон дар тамоми умри гузаронидааш бар зидди ин аъмоли нангин мубориза бурдааст. Чӣ қадар зиндагӣ  пешрафта шуд, коррупсия ҳамон қадар  зиёд дар ҳаёти давлат чуқуртар сар халонид.

            Калимаи Коррупсия аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш «ришва», ришваситонӣ ва худфурӯширо дорад. Ин  маънӣ аслан бештар тааллуқ дорад  ба амалҳои ходимони ҷамъиятӣ - сиёсӣ, мансабдорони давлатӣ, ашхоси вазифадор, ки бо ҳамин роҳ имконият пайдо мекунанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба дорогӣ бирасанд. Пас аз нуқтаи назари мантиқ баҳогузорӣ кунем, метавонем гӯем, ки коррупсия ҳам амали  террористӣ ба ҳисоб меравад. Чунки танҳо коррупсия метавонад ҷомеаро ба фассод бибарад, дар натиҷа ҷомеаро   ҳолати  хавфнок фаро гирад. Ҳатто шароитеро ба миён меорад, ки амалҳои террористӣ озодона амал хоҳанд кард. Пас метавон гуфт, ки террору ифрот ва коррупсия як ҳадаф доранд ва як хел ҷиноятанд. Бояд гуфт, ки дар кишварамон “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012” қабул шуда, тавассути татбиқи барномаҳои маърифатӣ, ҳуқуқӣ, озодиҳои инсон баланд бардошта мешавад. Дар ин ҷода хизмати матбуоти даврӣ бузург аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин лиҳоз фармудаанд: “ Мубориза бо ҷинояткорӣ натанҳо аз дастгир ва ба маҳкама кашидани ҷинояткор, балки дар ҷараёни он таблиғи   ахлоқи ҳамида, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷиноят низ иборат мебошад”.

            Коррупсия метавонад ба пешрафти давлатдорӣ, монеагӣ кунад ва мардумро бар зидди давлат ба қиём бархезонад. Аз ин лиҳоз ба пешгирӣ кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷиноятҳои дигар, мисли террору ифротгароӣ ва маводи мухаддир низ то як дараҷа пешгирӣ карда мешавад. Барои ин лозим аст, ки оқибатҳои бади ҷиноятҳои коррупсиониро дар байни мардум тарғиб бояд кард.

            Мубориза алайҳи коррупсия вазифаи ҳама ашхоси бошуури ҷомеа ба ҳисоб меравад. Симои манфур ва хиёнатпешагии коррупсионерро нотарсона бояд фош намуд. Охир, вай ҳаромкори ҳаромхӯр аст.

Миёна: 5.5 (2 votes)