Оқибати нашъамандӣ марг аст

Ҳамасола рӯзи 26 июнро рӯзи мубориза алайҳи нашъамандӣ қайд мекунанд. Воқеан  ҳам нашъамандӣ проблемаи мушкилтарини ҳаёти ҷавонон дар тамоми кишварҳои дунё  ба ҳисоб меравад. Бар алайҳи ин аъмоли бад дар тамоми олам мубориза мебаранд.

            Маводҳои нашъаовар – маводҳое ҳастанд, ки ҳолати рӯҳӣ ва равонии инсонро дигар мекунанд, ҳатто инсонро ба ҳолати вобастагӣ меорад. Ҳастанд ҷавононе, ки онро дар худ санҷиш мегузаронанд. Дар натиҷа вобастаи маводи нашъадор шуда, минбаъд бе он зиндагӣ карда наметавонӣ. Тамоми фикру зикрат, ҳастиат маводи мухаддир мешавад. Барои узвҳои бадани инсон кадом намуди маводи мухаддир, ки набошад, зиёни сахт мерасонад. Дар натиҷа аз гирифторшудагони маводи мухаддир фарзандони носолим ба дунё меоянд.

            Дар гирифторшудагони маводи мухаддир меҳру муҳаббат ва дӯстӣ аз байн меравад, ишқ дар чунин ҷавонон нодаркор мешавад, ҳатто муносибат бо аҳлу оила ва падару модар заиф гардида, туро аз онҳо ҷудо мегардонад.

            Баъзеҳо гумон мекунанд, ки бо истифодаи маводи нашъамандӣ масъалаҳои зиндагӣ ҳал мешаванд, ки ин хел нест. Фаромӯш набояд кард, ки нашъамандӣ -ҷавонӣ, зебоӣ, қуввату дармонатро нест мекунад. Нашъамандӣ на танҳо ба нашъаманд, балки ба ҳамаи аҳли хонадон зиёни равонӣ мерасонад. Дар натиҷа дӯстону пайвандон ва дигар наздиконат аз ту дурӣ меҷӯянд. Чун мутеъи маводи мухаддир мегардӣ, туро маҷбур мекунад, ки Қонунро вайрон кунӣ. Дар натиҷа Қонун ҳукмашро дар бораи паси панҷара  шинонидани ту мебарорад. Ин маводи марговар туро дузд, қиморбоз, авбош мегардонад. Нашъаманд шудан осон аст, аммо халосӣ аз он нест.

  Ҳамсолони азиз! Ҳадаф аз ин навиштаҳо он аст, ки шумо мубталои маводи мухаддир нагардед. Саломатӣ ва умри ҷавониро  гирифтори ин вабои аср накунед. Ҳаёт ба инсон як бор дода мешавад ва онро  ончунин хушбахтона гузаронед, ки фардо ангушти пушаймонӣ нагазед.

Ҳеҷ овозе нест