Ғофил аз худ, аз миллату давлат намонем

Мардуми Тоҷикистон нуҳуми сентябри соли 1991 соҳиби истиқлолият шуд ва ин рӯзи муборакро ҳамасола чун рӯзи мавлуди давлати Тоҷикистон ҷашн мегирем. Истиқлолиятро мардумони кишварҳои дунё садсолаҳо орзу кардаанд. Баъд аз он ки миллати тоҷик соҳиби Ватани аслии хеш шуд дар пеши ҳамаи сокинони кишвар аз кадом миллате ки набошанд, аз кадом дину мазҳабе, ки набошанд, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии қонунӣ шомил набошанд, бояд як ҳадаф дошта бошанд. Атрофи сардори давлати соҳибистиқлол ҷамъ бошанд ва дар якҷоягӣ дар эмори давлат аз таҳти дил ҳиссагузор бошанд. Афсӯс, ки дар Тоҷикистон ин тавр нашуд. Ҳама он калонсолони имрӯзаамон  медонанд, ки аз касофати сиёсатбозиҳои ҲНИТ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чӣ ҳолат гирифтор кардем. Ин палидони динситез ва бегонапараст дар орзуи  шиакунонию салафикунонии мусулмонони кишвар барои иҷрои дастурҳои додаи хоҷагони хориҷиашон аз баҳри қурбоншавии миллату давлат ва аз байн рафтани истиқлолияти давлатдориамон гузашта буданд ва миллатро ба мусулмону кофир ҷудо карда, ба ҷанг кашиданд. Миллат ба парокандагӣ расида буд, Тоҷикистон пора – пора мешуд, лекин таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлат наҷот ёфт, аммо ҳисорот ҳисоб надошт.  На танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна, Қазоқистону Россия наҷот ёфт.

 Соҳибистиқлолии миллати тоҷикро 27 сол мешавад. Сокинони кишвар дар тӯли ин солҳо барои рушду нумуи давлати азизамон Тоҷикистон он қадар корҳои азимеро ба анҷом расониданд, ки  натанҳо дӯстонамон, балки душманонамон ангушти ҳайрат газидаанд. Дар ин солҳо дар баробари ин корномаҳои азими ҳаётан муҳими халқи тоҷик ҲНИТ таҳти роҳбарони хориҷиашон на миллат, на давлат ва на обрӯю мартабаи давлати соҳибистиқлоламонро, ки дар арсаи байналмилалӣ кашф кардаем, ба эътибор нагирифтанд. Ҳарчӣ ки хостанд, махсусан бо роҳи террор, аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои маблағгузорикардаашон, гурӯҳи – 24 ва ташкил кардани ташкилоти бо ном “ ватандор” алайҳи Тоҷикистон ва сарвари сарсупурдаи миллат – Президенти азизу муҳтарами миллати тоҷик санги маломат мезананд, ки ин ба ҷузъ беномусию бузургманишӣ дигар хел гуфтан мумкин нест.

 Мегӯянд ақраб ба ҷӯзъ заҳр задан, дигар хел амал надорад. Шоир Абдураҳмони Ҷомӣ низ табиати бадзодагии ақрабро хуб нишон додааст:

   Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

  Муқтазои табиаташ ҳамин аст.

 Наҳзатиҳои ақрабтабиат ҳоло ҳам аз хуни ноҳақ рехтаи ҳаммилатонашон сер нашудаанд. Ҳарчанд, ки мардум аллакай ба ҳама ҳиллаву найрангҳои аъзоёни ин ҳизби хуношом огоҳӣ ёфтаанд, лекин аҳён – аҳён касони гумроҳе ёфт мешаванд, ки ба фиреби онҳо гирифтор мешаванд. Ин зумра фиребхурдаҳо  аслан ҳамон ҷавононе мебошанд, ки аз дину оинашон кӯр – кӯрона огоҳанд, дар мактаб ҳам таҳсили хуб накардаанд, аз падару модар ҳам тарбия надидаанд. Аллакай хуб ба мушоҳида мерасад, ки дар саросари кишвар номи ҲНИТ – ро мардум ба боди фаромӯшӣ дода истодаанд. Лекин ҳама он ҷиноятҳои ноҷавонмардонаи аъзоёни ин ҳизбро чун амалҳои даҳшатноки террористӣ фаромуш нахоҳанд кард. Мо ин таърихи  хуношоми ҲНИТ – ро, ки дар ҳаққи миллату давлати тоҷикон раво диданд, насл ба насламон мерасонем, то ба минбаъд ба иғвою гумроҳандозиҳои террористонаи наҳзатиҳо наафтанд. Алалхусус баъди хабари  рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна “ Ал – аҳром” дар  аксари давлатҳои исломӣ медонанд, ки ҲНИТ чун як ҳизби террористию экстремистӣ на танҳо  дар Тоҷикистон, балки дар дунё бо чунин айби нобахшиданӣ эълон шудааст. Аз ин лиҳоз бисёр зарур аст, дар макотиби миёнаву олӣ атрофи ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад. Камина дар чанд навиштаҳоям аҷилан таъкид карда будам, ки чӣ дар хона ва чӣ дар мактабҳо эҳсоси худшиносии шогирдонро бо далелҳои қотеъ ва муассир бедор кунем, вагарна ин навиштаҳо, ки дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо пайдо мешаванд, танҳо дар ҳамон саҳифаҳо маҳфӯз мемонанду халос. Таълимоти динниро тибқи ҳамон талаботи воқеъиаш, ки Мавлонои Балхӣ гуфтааст, “Ислом ба зоти худ надорад айбе”... бояд ба роҳ монем, ки насламон исломи ифротгароро аз исломи нобу покиза фарқ карда тавонанд. Мисли он ки Лев Николаевич Толстойи рус, ки  нависандаи ҷаҳонӣ аст, нисбати исломи Муҳаммадӣ чунин наменавишт: “Ҳарчанд ин гуфтори ман боиси тааҷҷуб аст, ман ки ғояҳои насронӣ ва таълимоти онро ба маънои ҳақиқиаш арҷи баланд мегузорам, барои ман ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки Муҳаммадгароӣ (ислом) бо зуҳуроти зоҳирии худ хеле баландтар аз таълимоти православӣ меистад”. Чаро бегонаҳо инро фаҳмида дарк карда бошанду дар диндории мо ин масъала кам ба инобат гирифта мешавад, ки дар натиҷа исломгароёну ифротиҳоямон рӯ ба пештозӣ оварданд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳанӯз дар Паёми соли 2016 баёнкардааш таъкидан гуфта буданд:

 “Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Ҳеҷ овозе нест