Чанд сухани судманд дар сифати об

Аз хотир набароред дар баробари он ки об ба инсон ҳаёт бахшида рӯзгорашро обод мекунад, аз тарафи дигар вай қудрате дорад, ки инсонро ба марг расонад. Инсон, ки шарифтарин, ба об аз рӯи ақл бояд муносибат кунад.

  1. Кишт бе об бар надиҳад
  2. Об зебоии табиат аст
  3. Асоси пайдоишу пойдории олами зинда об аст
  4.  Зарурияти об аз нон дида зиёдтар аст
  5.  Дастрасӣ доштан ба оби безарар ниёди асосии инсон ба шумор меравад
  6. Истифодаи оби ошомиданӣ проблемаи дунёӣ аст, фақат тавассути иқдоми дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаллу фасл шуда метавонад
  7.  Дар саргаҳи об ташна мурдан аҷаб аст
  8.  Шодобиву ободии дунёс зи об
  9.  Он ҷо ки об нест, вуболу савоб нест
  10.  Ҳар куҷо пастист об он ҷо давад
  11.  Тоҷикистон нозад аз ин гунна дарёҳои худ, аз мусаффо обҳои кишвари зебои худ
  12.  Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност
  13.  Шавад обӣ, нашавад лалмӣ
  14.  Як қатраи об буду дарё шуд
  15.  Аз оташу хоку боду обем ҳамамон
  16.  Об қувваи ба ҳаракатдароварандаи ҳаёт аст
  17.  Морбозро мор мекушад, оббозро об
  18. Харҷ оби равон асту дахл осиёи гардон
  19.  Дарёро об машҳур мегардонад, одамро меҳнат
  20.  Гуноҳро узр шӯяд, ҷомаро об
  21.  Ҷӯйро  об вайрон мекунад, одамро одам
  22.  Аз пушти кирмак шолӣ ҳам об мехӯрад
  23.  Балро ба ривиши об мезананд
  24.  Бетолеъ агар кишт кунад, об наёбад
  25. Бо бисмилло об ранг намегирад
  26.  Обу оташ дӯстӣ надоранд
  27. Абри сиёҳ оби сафед мерезад
  28. Борон ба замин оби равон медиҳад
  29. Гапи кобӣ гап мебарояд, заминро кобӣ об
  30. Давои қурут оби ҷӯш
  31.  Дар  чилла об дидӣ, баҳорро дар хоб дидӣ
  32. Заминро оби зиёд вайрон кунад, одамро гап
  33. Кӯзаи наву оби хунук
  34.  Кулол дар мундӣ об хурдааст
  35.  Кӯза ҳама вақт ба лаби об сиҳат намеравад
  36. Кӯзагар аз кӯзаи шикастааш об мехӯрад
  37. Нони гарму оби хунук бӯйи Худо мекунад
  38. Ниҳол аз об сер не, бача аз хоб
  39.  Обро дида мӯза каш…
  40.  Об дар чашм, меҳр дар дил
  41.  Об  дар як ҷой истад, бӯй мегирад
  42.  Оби дари хона лой аст
  43.  Оби рехтаро бардошта намешавад
  44.  Об аз боло лой
  45.  Оби дари хона қадр надорад
  46. Оби дари хона тира
  47. Обро лой карда моҳӣ медорад
  48.  Обу ободонӣ
  49. Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем
  50.  Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб, чӣ сад ваҷаб
  51. Рубоҳро об  барад думашро боло мекунад
  52.  Санги вазнинро об намебарад
  53.  Сарфаи об савоб аст
  54.  То реша дар об аст, умеди самар аст
  55.  Ташна дар хоб об мебинад
  56.  Ташнаро як қатра об аз дури дарё беҳтараст
  57. Поят, ки сӯхт, лаби об меравӣ
  58.  Ҳамаро об тоза мекунад, обро чашм
  59. Об асту ободонӣ, хок асту зиндагонӣ
  60. Оби кишвар мисли шири модар аст
  61.  Об манбаи ҳаёт
Миёна: 1 (1 vote)