Муҳимтарин сухани имрӯз

 Тоҷикистон, ки аз қадимтарин халқҳои мутамаддуни рубъи маскун ба шумор мераванд ва дар тӯли таърихи шукуҳманди худ дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ пайваста ғулғула афкандаанд, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузаронидаанд. Ба рағми аҷнабиён ва ғосибони бодиянишин, ки дар тӯли чанд аср инқирози маънавию нажодии тоҷиконро дар ҳадаф доштанд, ин миллати вологуҳару хирадманд дар маҳди худ фарзонагону абармардоне мепарварид, ки шаъну шараф, нангу номус ва имони миллаташонро ҳифз карда, ҳамватанони хешро бо роҳи наҷот ва растагорӣ ҳидоят менамуданд.

   Таърихи давлати бузурги Сомониён ва роҳе, ки Тоҷикистони ҷонон дар ҷодаи истиқлол, ваҳдати миллати тоҷик ва ҳуввияти хеш паймуда истодааст, далели боризи ин матлаб аст, ки сифати фитрии миллат бо иқтизои ҳадафу мақсади наве боз ҳузур ва садчандони аввал касби шараф хоҳад кард. Дар ҷаҳони имрӯз, ки ба таҷдиди таносуби миллатҳо ва қудратҳои сиёсӣ ба густариши низомҳои нави иҷтимоӣ ва инқилобҳои мафкуравию ҷаҳоншиносӣ торафт тундтар гироиш дорад, ба тоҷикон боз бахти бузурге насиб гардид. Ба бахти миллати тоҷик сарварии давлати тозаистиқлоли  мо ба дӯши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, ки бо фаросату шуҷоати ҷибилӣ ва маданияти олӣ табаддулоти воқеии замонро бо моҳияти объективии таърихи халқ ва бо манфиатҳои миллии тоҷикон ба ҳам пайваст. Ин номбардори бузургон эҳёи нируҳои сиёсиву маънавии халқро, ки дар таърихи гузаштааш борҳо ба зуҳур омада буд, ба комилтарин ваҷҳе дар ҳастии хеш таҷассум намуд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз шинохта шудааст, дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ ва 21 соли  ваҳдатдорию сиёсатмадории хеш ба ҳайси сарвари Тоҷикистон дар сарнавишти миллати бостонӣ ва мутамаддини тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард.

    Ногуфта намонад, ки дар муваффақиятҳои беназир, ки Ҷаноби Олӣ дар олам ба маъруфият расониданд, ҳама вақт дар сиришташ ду сифати нодир – ҷасорати фикр ва ҷасорати амал ба ҳам тавъан буданд ва ҳастанд.

 Пешвои муаззами миллати тоҷик қотеъона иброз дошта гуфта буданд: «Таърих он вақт омӯзанда ва сабақ шуда метавонад, ки аз гузаштаи талх ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем».

Ҳеҷ овозе нест