«Огненная застава» Ба 25-солагии муқовимати нобаробару хунин ва шаддиди шаби 13 июли соли 1993, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии мавзеи Cари ғор – заставаи 12 рӯх дода буд, бахшида мешавад. « Барои ҷанговар ҳеҷ гоҳ ҷанг ба охир намерасад». Сарҳадчӣ Иван Майбар

Фасли тобистони соли 1993 буд.  Тамӯзи гармои моҳи июл дар ҳамаҷо ҳис карда мешуд. Тоҷикистон, алалхусус сарҳадоташ хеле ноором буданд. Аз сиёсатбозиҳои баъзе аз афроди худхоҳу кӯрдил кишварро ҷангҳои шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Ба андешаи шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир Тоҷикистон дар ҳоли тика – тикашавӣ қарор дошт. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки ҲНИТ бо супориши хоҷаҳои хориҷиашон ташкил карда буданд, зиндагии мардумро  дар ҳоли хеле қашшоқона нигоҳ медошт. Атрофи вазъи иқтисодии сокинони мамлакат ҷои гап набуд. Ҳама қишрҳои ҷомеаи кишварро харобӣ, бесоҳибӣ фаро гирифта буд. Ҳарчанд, ки сарҳадамон аз тарафи артиши давлатҳои  муштаракулманофеъ бо роҳбарии кишвари рус дар якҷоягӣ бо ҷавонони тоҷик ҳимоя карда мешуд, лекин вазъи сарҳад рӯз то рӯз мураккаб мешуд. Ноҷурии зиндагӣ, ривоҷ ёфтани ҷангҳои шаҳрвандӣ, яроқнокшавии бошиддат, мардумро ба даҳшат  афканда буд. Инҳо, ки гуфтам ба Тоҷикистон ва  сокинони он ҳисороти зиёд меовард. Аз рӯи нишондодҳои оморӣ ҷангҳои  бемаънии шаҳрвандӣ 150 ҳазор ҷони зиндаамонро аз байн бурд. Беш аз ду миллион шаҳрвандон бе хонаю ҷой монданд. Бар асари «инқилоб» - и ҳизби шайтонии наҳзатиҳои бо ном мусулмон, дар асл беимон хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат беш аз ҳафт миллиард ҳисорот дид. Тавассути ин бадбахтиҳои дар кишвар роҳандозӣ намудаи ТЭТ ҲНИТ маориф, тиб, хоҷагии халқи кишвар – ахлоқу маънавиёти мардум, ҳатто ба ҳама сохторҳои қудратии мамлакат ҳам зиёни сахт расида буд. Наҳзатиҳои исломӣ аз сустии давлат ва ҷомеа истифода намуда, террору ифротро ривоҷ медоданд. Ҳатто ба хотири ҳадафҳои худхоҳонаи худ тайёр буданд, ки Тоҷикистонро ба кушторхонаи  одамон табдил бидиҳанд. Бо ҳамин мақсад тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи террористӣ ва экстремистӣ ҲНИТ шаби 13 ба 14 – и моҳи июли соли 1993 бо кумаки зархаридони афғону араб ва чанд мазанги дигар ба дидбонгоҳи сарҳадии Сари ғор, ки Заставаи 12 ном дошт, бо теъдоди зиёда аз 500 нафари сар то по мусаллаҳ дарёи Панҷро убур карда, ноаён шабона ҳуҷум  мекунанд.

   Аскарон баъди хӯроки шом гӯё чизеро пай бурдагӣ барин, ҳама тайёрии ҷангӣ медиданд. Фазои сарҳад воқеан ҳам ноором буд. Яке ба тирдонҳояш тир ҷой мекарду  дигаре ҳолати миномиёти дастӣ ва техникаи ҷангиашро аз назар мегузаронид. Камингоҳҳо тайёр буданд. Сардори дидбонгоҳ лейтенанти калон Василий Майбара таҷрибаи хуби сарҳадбонӣ дошт. Ҳолати он рӯзу  шаби сарҳадро нағз медонист. Аз чунин хомӯшии даҳшатзо чизеро пай будагӣ барин, бачаҳоро водор месохт, ки ҳама дар ҳолати омодабош бошанд. Вақти хоби муқаррарӣ кайҳо гузашта буд. Хоб ҳам аз сари шербачаҳо парида буд. Ногаҳон дар гирду атрофи бинои  застава таркишҳои гранатаҳои миномиётӣ  сар шуд. Бачаҳо дар  як они воҳид бо  супориши  сардори дидбонгоҳ Василий Майбара худро дар камингоҳҳои атрофи застава гирифта, муайян карданд, ки душманон дар кадом самт ҷой доранд.

   Ҳуҷуми шаддиди сарҳадшиканон сар шуд. Болои застава борони тиру снаряд мерехт. Аллакай тамоми биноҳои заставаро алангаи оташ ба коми  худ кашида буд. Аз равшании алангаи оташ гӯё мавқеи сарҳадчиҳо нишони тирпаронӣ қарор дошт. Захираи тирҳои сарҳадчиён ба охир мерасид. Ҳеҷ хел имкони ба тирдонхона рафта тир овардан набуд.. Тирдонҳо ҳам холӣ шуда буданд. Умеди зинда мондан намонда буд. Душманон қадам ба қадам пеш меомаданд. Ҳамин вақт тавассути рушноии сӯхтори застава диданд, ки аскари қаторӣ Додокалонови тоҷик аз дарвозаи анбори лавозимоти ҷангӣ даромад. Якбора ду гранатаи миномиётӣ наздики даромадгоҳи анбор таркида  дуду чанги заминро ба ҳаво хезонд. Дидагиҳо ҳамон замон аз дил гузарониданд, ки аз сад ҷони Мирбақо як ҷонаш намонд. Ду – се дақиқа пас қуттиҳои тирдор дар даст аз байни чангу хок берун мешавад.

  Сарҳадчиҳо бо тир таъмин мешаванд. Ҳуҷуми террористони исломӣ зада гардонида мешавад. Лекин талафот гарон буд. 25 нафар фарзандони ҷасури русу тоҷик  аз ҷумла сардори дидбонгоҳ литенанти калон Василий Майбара ҷони ширини худро аз даст дода буданд. Аз бинои застава ба ҷузъ хокистар дигар чизе намонда буд. Дар  байни шаҳидони роҳи  Ватан фарзанди фархориён, собиқ шогирди мактаби №3 Аслиддин Хайриддинов ҳам буд.  Чароғи хонаи охирати шаҳидони оншаба доимо фурӯзон бошад. Ҳоло ҳам дар чанд ҷои бадани Аъзам Аминов ва Ҳабибулло Айматов пораҳои тиру снарядҳои таркида чун нишона аз он шаби шум мондаанд. Ногуфта намонад, ки аз таркиши снаряди калон Аъзаму Ҳабибулло таги хок мемонанд ва онҳо он шаб тасодуфан зинда мемонанд. Пагоҳаш аз Округи байрақи сурхдори қувваҳои сарҳадии Осиёи Миёнагии Федератсияи Россия мустақар дар Тоҷикистон (КСАПО) ба заставаи 12 намояндаҳо меоянд. Ҳамонҷо ба панҷ нафар ҷанговар – сарҳадчии рус номи Қаҳрамони Федератсияи Россия пешниҳод карда мешавад ва ба боқимондаҳо Ордени «Шуҷоати ҷангӣ»  (За отвагу) дода мешавад. Иван Майбара дар маросими видоъ бо шаҳидони оншаба гардани Мирбақо Додокалонови тоҷикро ба оғӯш гирифта, бо овози гиряолуд мегӯяд: Агар Додик намешуд (ӯро аз рӯи дӯстдорӣ ҳама Додик мегуфтанд), мо ҳамаамон кушта мешудем. Додик қаҳрамон аст.

   Солҳо мегузаранд, ҷароҳатҳои ҷои тиру пораҳои норинҷакҳо шифо меёбанд, аммо ёди он шаби мудҳиши ҷангӣ ва марги ҳамяроқон ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо зудуда нахоҳад шуд.

 Бидуни аз кадом миллат будани ҳамяроқони заставаи 12, онҳо бародарони ҷонӣ монданд.

 Баъд аз чанд сол журналист Игор Сладков Мирбақо Додокалонови тоҷикро дар ш. Москва, ки ҳамчун гастербайтер  кор мекард кофта меёбад. Ҳангоми суҳбат Мирбақо аз кисабағалаш румолчаи гиреҳшударо бароварда, кушода ҳамон орденашро ба ӯ нишон медиҳад ва мегӯяд, ки аз ҳамон вақт то имрӯз онро чун тумор ба худ мегардонам. Онҳо  ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон мешаванд. Ногуфта намонад, ки ҳолати ҷанги оншаба ва фардоинаи заставаи 12 – и Сари ғори Тоҷикистонро Игор Сладков нарезондаю начаконда, ба навор гирифта, онро ба як филми мустанад ба тартиб дароварда буд.

  Иван Майбара баъд аз 20 соли он муҳориба ба заставаи 12, ки дар он ҷо бародарони Васелий Майбара ва ҳамяроқонаш ҷон бохта буданд меояд. Дар пеши санги барои хотира гузоштаи шаҳидони он шаба кӯдаквор гиря мекунад. Ҷойи пештараи атрофи заставаро ба боғот табдил додаанд.

 Аз он шаби шум то имрӯз 25 сол сипарӣ мешавад. Онҳое, ки иштирокчии он ҷанги нобаробар буданд, тасмим гирифтанд, ки аз рӯи имкониятҳо ҳамроҳи падару модарон  ва зану фарзандон  13 июли соли 2018 ба заставаи 12 омада, 25 солагии он муҳорибаро якҷоя ҷашн мегиранд. Гумон  мекунам ҳамоиши онрӯза аз як тараф дидорбинии ҳамяроқон бошад, аз тарафи дигар ҳамоише зидди ҷангу ҷангҷӯёни олам, зидди террору ифрот хоҳад шуд. Шоири Белорус Ригор Бородулин гӯё дар ин порчаи шеърӣ ҳолати руҳии собиқ ҳамяроқони заставаи 12 – ро хеле хуб ифода карда бошад:

 Оре, дорад ҷанг ҳанӯз давом,

 Дар дилу хотири наосуда,

 Дар сукути харобиҳои замин,

 Дар асабҳои дардолуда,

 Оре, дорад ҷанг ҳанӯз давом!

Ҳеҷ овозе нест