Таърих гувоҳ аст Президент ба Тоҷикистон сулҳ овард

Баъди шаш даври гуфтушунид (солҳои 1994 – 1997) дар шаҳру давлатҳои Москва, Теҳрон, Покистон, Алмаато, Афғонистон, Бишкек ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллҳ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалҳ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик Саид Абдуллои Нурҳ ба имзо расид, ки он ҳамчун рӯзи таърихи миллат сабт гардид ва ҳамасола  ин санаи муҳимро мардуми тоҷик ботантана таҷлил мегиранд. Албатта чунин рӯзи нек ба осонҳ ба даст наомадааст.     Дар ин роҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҳ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон басе ҷонбозиҳо намуданд.  Хавфу хатарҳо сари ҳар қадам таҳдидаш мекард. Аммо Худои бузург мададгору роҳнамояш гашт.

   Мардум хуб дар ёд доранд аввалинсухани Сарвари давлатро, ки замони зимоми идораи давлатҳ дар ҳолати парокандагҳ қарордоштаи Тоҷикистонро ҷасурона ба уҳда гирифта, гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин ният муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам». Зиҳҳ, фарзанди миллат, ки дар қавли додаат устувор истода, ба Тоҷикистон ва мардуми шарифи он сулҳ овардҳ.

  Хуб дар хотирам мондааст. Ҳангоми аз тайёра фаромадан мардуми ҷамъомада ба истиқболи роҳбари давлат бо гулу гулдаста ва табъи болида баромада, ӯро муборакбодҳ мекарданл. Модаре ба гардани Президент ҳамели аз гулҳои тару тоза ва зебою хушбӯй орододашударо овехта, аз пешониашон модарона бӯсиданд. Чун навбат ба шоири маҳбуб ва зиндаёд Лоиқ Шералҳ расид мисли падару писар якдигарро ба оғӯш гирифтанд, ки ин яке аз лаҳзаҳои беҳтарин ва фаромӯшнашавандаи он рӯзи муборак ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди фараҳбахш дар хазинаи тиллоии телевизиони тоҷик маҳфуз нигоҳ дошта, ҳар сол дар арафаи рӯзи Ваҳдат намоиш дода мешавад.

  Рӯзе, ки хабари ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллҳ имзо гузошта шуд, расид, шоири мумтоз Лоиқи ҷонфидои миллат аввалин шуда, мисраҳои зеринро навишт:

 Раҳми парвардигори мо омад,

 Нури ҳақ ба диёри мо омад,

 Ҷанги девонавори мо бигзашт,

 Сулҳи деринтизори мо омад.

   Нақши ваҳдати миллҳ дар таърихи навини тоҷикон воқеаи бузург буда, бақову мондагори давлату миллат ба он пайванди ногусастанҳ дорад!

 Президенти муҳтарам, ки дар ҳақиқат қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд дар яке аз суханрониашон таъкид намуданд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар ба Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини мо сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

 Маҳз бо ташаббуси бевосита ва талошҳои пайгиронаву сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат бунёдгузории пояҳои нахустини давлатдории тоҷикон дар асри ХХ оғоз ёфт. Ҳамин тариқ, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд. Мардуми ташнаи дидори азизи худ баробари ба хоки Ватан по гузоштан ашк аз дидаҳо рехта, ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанду шукргузорҳ аз ваҳдати ба даст омада мекарданд, ки ниҳоят ба диёри биҳишосои хеш баргаштанд. Ҳар яки онҳо дар нахзди худ мақсад гузоштанд, ки ҳамеша дар паҳлуи Сарвари давлат истода, ватани харобгаштаро ободу зебо мегардонанд. Душманони миллат бошанд чунин неъмати бузургро нодида гирифта, ба ҳар роҳу восита мехостанд боз ватанро ба вартаи ҷанг кашанд, аммо мардум, ки аллакай сафедро аз сиёҳ фарқ мекардагҳ шудан, чунин имкони ношоистаро ба хоинони миллат надоданд. Онҳо диданд, ки мардум дар паҳлуи Пешвои муаззами худ устувор истоданд,  думро хода карда, ба даблатҳои хориҷ фирор карданд. Ин носипосон аз ҳамон ҷо низ  ба сари мардум ва давлати тозабунёди Тоҷикистон санги маломат зада, мардумро гумроҳ карлданҳ мешуданд. Чуноне ки ҳамагон медонанд тири ин нохалафон хок хурда 27 июни соли равон аз ба даст овардани ваҳдати миллҳ 21 сол пур мешавад.  Дар ин муддат мо дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагҳ дорем. Ҳамагон шоду масрурем, зеро офтоби сулҳу ваҳдат ба сарамон нурпошҳ мекунад. Ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмати бузург расем. Баҳри сулҳу суббот садҳо ҷавонмарди тоҷик шаҳид гашта, садҳои дигар дурр аз Ватананд. Мо бояд баҳри хотираи неки онҳо сулҳу ваҳдатро то абад пойдор созем. Шукргузор аз ваҳдату осоиштагии давлату Пешвои худододи худ бошем.

Ҳеҷ овозе нест