Терроризм ва ифротгароии хушунатомези диннӣ душмани инсоният шудааст

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» доир гардид.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронс бо маърӯзаи мушаххас баромад намуда, вакилони конфронси номбурдаро  бо даҳҳо далелҳои раднашаванда ҳушдор дод, ки имрӯз зуҳуроти террористӣ – экстремистӣ, ки дар зиёда аз 100 кишвари олам ватан кардааст, муборизаи беамон бурда шавад.

 - Имрӯз, - иброз дошта гуфтанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  - гуруҳҳои террористӣ – ифротгароии муосир дар паҳн кардани маводи мухадир, қочоқи яроқ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, одамрабоӣ ва аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдеро ба даст дароварда, майдони террористию ифротгароиро дар саросари олам паҳн карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ дар баромадашон тамоми ташкилотҳои пешқадами олам, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи ва Созмони ҳамкории Шанхайро бар зидди терроризми байналмилалӣ даъват намуданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд хуб донад, ки кишвари мо дар марзи аввали муқовимат таҳти хатарҳои муосир қарор дорад. Миллати тоҷик, алалхусус мардуми диёри Фархори  қадим, ки бо Афғонистони ҷангзада сарҳади 1400 километра дорад, ҳеҷ гоҳ аз ин  хатари сиёсӣ бояд дар ғафлат набошад. Бисёр зарӯр аст, ки тибқи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ноҳия аз авзои бади ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумотҳои саҳеҳ дода шавад. Ногуфта  намонад, ки ТЭТ ҲНИТ тибқи қонунҳои башардӯстона ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ эълон шудааст. Фаромӯш набояд кард, ки намояндагони ин ҳизби террористӣ  ҳоло чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил дар каминанд. Аз ин лиҳоз, мо  тоҷикон ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем. Ҳимояи марзу бум ва осудагии кишвар ба дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар бор аст. Истиқлолият ва ваҳдати миллат то абад мустаҳкаму пойдор бошад. Нагузорем, ки ким кадом назҳатию  ифротие фазои софу ороми кишвари азизамон Тоҷикистонро нотинҷу ғуборолуд кунад.

Ҳеҷ овозе нест