Интихоботи миёндаврӣ баргузор гардид

Рӯзи 19-уми ноябри соли равон дар ҳавзаи интихоботии №35-и ноҳияи Фархор интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ҷойи вакили хориҷшуда баргузор гардид. Дар интихобот аз шумораи умумии 3845 нафар 3220 нафар иштирок карданд, ки 83,74%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил мекунад.

Натиҷаи интихобот маълум сохт, ки номзади пешбаринамудаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, муовини якуми раиси ноҳия Вализода Насур Мирзоб бо тарафдории 92,24%-и интихобкунандагон бо қарори Комиссияи ҳавзаи интихоботии №35 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор интихоб гардид.

 

Миёна: 4.8 (4 votes)