Аҳлиддин қурбони амалҳои террористӣ

     Вақто ки ӯро ба сафи Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) барои хизмати аскарӣ даъват карданд, ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт.Ин соли 1991 буд. Тоҷикистонро ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар равияву мазҳабҳои барои кулли тоҷикистониён ношинос,аллакай ба ҷанг ва кашмакашиҳои дохилӣ тайёр карда буданд.Соҳибони ин ҳизбу ҳакакатҳои бегонапараст аз хориҷи кишвар,махсусан аз давлати исломии Афғонистон истода, ба умеди он ки Тоҷикистонро зуран ба давлати исломӣ табдил диҳанд, сарро ба сад дар зада, аз хоҷаҳои хеш пул пурсида тайёрии ҷангӣ медиданд.Ана дар ҳамин вақти шум Аслиддинро барои хизмат ба сарҳади 12 мефиристанд.Он вақт артиши давлатҳои ИДМ дар хати №1 кишварамон ҷойгир буд. Ба ин артиш беҳтарин тоҷикбачаҳоро низмегирифтанд. Аз вазъияти бади мамлакат садҳо бачаҳои тоҷик баъди хатми мактаб таҳсилро дар донишкадаҳои олӣ давом дода натавонистанд.Аслиддинро  ба хизмат гусел мекарданд.Ба модараш мегуфт:-Очаҷон,зиқ машав.Ана-мана нагуфта ду сол тез мегузарад.Ҳатман ба ягон донишкадаи олӣ дохил мешавам ва дар вазифаҳои баланд кор хоҳам кард.Сад афсӯс, ки «фалак дар чи хаёлу мо дар чӣ хаёл»,-гуфтаанд.Аслиддини ҷавонмарг аз қисмати бади дар пеш истода ноогоҳ шаби 13-14 моҳи июли соли 1993 аз ҳуҷуми сар то по муссалаҳонаи наҳзатиҳои исломӣ, ки аз тариқи сарҳади Афғонистон ҳуҷум карда буданд, ҳалок мешавад.Ҳамроҳаш боз 24 аскару афсарҳои русу белорус, тоҷику озорбойҷонӣ қаҳрамонона дар роҳи ҳимояи марзи ватанамон шаҳид мегарданд.

   13 июли соли равон бо ширкати собиқ сарҳадбонони сарҳади 12-и Сариғор ва Кумитаи амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 солагии зада гардонидани ҳуҷуми исломистони Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

   Дар ҳамоиши онрӯза ба муносибати 25 солагӣ  намояндагии сафорати Руссия дар Тоҷикистон, намояндагии гуруҳи Қӯшунҳои сарҳадии Руссия, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон полковник Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович, муовини аввали раиси н.Ш.Шоҳин,генерал -лейтенант Сайфуллоев Сафаралӣ- раиси собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, полковник Сафаров Ҳабибулло-ҷонишини сарфармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, прапоршики калон-Давлатов Сайдаҳмад,намояндаи ташкилоти «Боевое братство»-и кишвари рус дар Тоҷикистон ширкат доштанд ва аз хотираҳо ёдовар шуданд.

  Хамзамон собиқ сарҳадчиён, ҳамчунин сарҳадчиёни шаҳидшудаи сарҳади 12-и Сариғор бо медалҳои 100-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ» ва медали «25-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Руссия дар Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд ва ба падару модари шаҳидшудагон 1000 сомонигӣ кӯмак расонида  шуд.

    Ҳамоиш дар фазои якдигарфаҳмӣ, дӯстии намояндагони кишвари Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки мазмуни баланди ҳарбӣ- ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дошт,гузаронида шуд.

         16-июл саҳарӣ дар ҷамъомади раиси ноҳия муҳтарам Вализода С  аз иштирокам дар ҷамъомади 25 солагии собиқ сарҳадбонони дидбонгоҳи 12 ва супориши Кумитаи амният ва сарҳадоти Тоҷикистон атрофи ба ягон кӯча мактаб ва ё боғчае номи шаҳиди роҳи ватан-Хайриддинов Аслиддинро  гузоштан , хабар додам. Раис изҳор карданд, ки аз рӯи имкониятҳо ин корро мекунем ва супориш ҳам доданд.

А.Маҷидзода

Ғаффоров Ҳ.

Ҳеҷ овозе нест