ВАЗЪИЯТ ДАР САРҲАДИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ РОҲИ ҲАЛРО МЕЁБАД

Вазъият байни сарҳадҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 назар ба соли сипаригашта хело ранги дигар гирифтааст. Ба маънои дигар масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Сабабҳои бештари ҷангу ҷидолҳо дар марз набудани аломату нишонаҳои зарурӣ дар қишлоқҳои марзӣ ба ҳисоб мерафт. Акнун комиссияҳои муштаракӣ  сари миз нишаста, ин масъалаҳоро бартараф сохта истодаанд.

Таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштаракӣ дар охирҳои моҳи марти соли равон баргузор хоҳад шуд.

Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон соли 2001 эҷод шуда, танҳо соли 2013 муваффақ шудааст, 519, 9 километри марзи ду кишварро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад. Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол муайян нашудааст ва дар ҳоли сиҳат доштани хабари табодули 23 гектар қаламрави ду кишвар ба ин рақам низ тағйир хоҳад омад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи ҳайатҳои  Тоҷикистону Қирғизистон санаи 21 – 22 феврал дар шаҳри Ботканди Қирғизистон бо масъалаи таъйин ва аломатгузории марз таҳти роҳбарии муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд.

Дар кори он раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ, масъулини сохторҳои қудратӣ ва ҳам сафирони ду давлат ширкат доштанд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор намуда буданд. Зикр гардида буд, ки минбаъд бояд ҳамкории мутақобила байни мақомоти қудратӣ ва сохторҳои марбутаи ҷонибҳо ҷоннок гардида, ҳамкории тарафайн дар асоси принсипи боварӣ ва манфиати баробарҳуқуқ ба сомон расонида шавад.

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест