ИНШООТҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар ноҳияи Фархор дар арафаи идҳои БАҲОР иншоотҳое ба истифода дода шуданд, ки барои пешрафти мардуми ноҳия хелло назаррасанд.

Аз ҷумла, бинои Маркази таълимии калонсолон: иборат аз ду ошёна; синфхонаҳои таълимии ронандагӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд.

Дар ҶД Ғалаба фабрикаи мурғпарварӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки саршумори то 10 ҳазор мурғ ва истеҳсоли 3 млн 650 ҳазор дона тухм дар як сол ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар деҳаи Фирузи ҶД 20 солагии Истиқлолият сангфаршкунии зиёда аз 3 км роҳҳо оғоз гардид.

 

 

Ҳеҷ овозе нест