ҚУРБОНИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ

Таҳқири Ватан нишонаи мардӣ нест,

Дур аз Ватанӣ, чаро ба ӯ санг занӣ?

Эй аблаҳи зархарид, эй душмани халқ,

Ҳам нокасу, ҳам хоину, ҳам аҳриманӣ!

Берун зи Ватан файз надорад амалат,

Гар бо Ватанӣ, соҳиби боғу чаманӣ.

 

Инак, бори аввал нест, ки ҷавонони гумроҳшудаи тоҷики фирефтаи Кабирӣ аз тарафи мақомотҳои байналмиллалӣ дастгир мешаванд. Кабирӣ ба он дараҷа амалҳои маккоронаи худро истифода мебарад, ки бо сухан худро ҳуқуқдон мегирад, аммо ботинан чун аҳриман.

Шовализода Ҳизбулло Абдулло, шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи А.Ҷомӣ, дар вақти муҳоҷират буданаш ба доми фиреби Кабирӣ афтида, аъзои ТЭТ ҲНИ мегардад.

Чандин ҷавононеро, ки Кабирӣ ба худ тобеъ месозаду дастур медиҳад, ба фикри худаш боварӣ дорад, ки дар ҳолати ба даст афтоданашон ба воситаи хоҷагонаш бо ҳар роҳу усул мактубу пайғомҳо ташкил намуда, аз Ҳукумати Тоҷикистон талаби озоди ҳаммаслакашро талаб менамояд. Шояд Кабирӣ ба онҳо ваъдаи бехатариашонро додааст, ки он ҷавонон то чи андоза куру гумроҳ мешаванд ва аз ояндаи волидону фарзандонашон фаромуш мекунанд. Фардо авлоди Шовализода Ҳизбуллоро дар кучаву бозорҳо ҳамчун “модари хоин”, “фарзанди хоин” гуфта таънаву маломат мезананд. Моҷарои Ҳизбулло барин хоинон бояд барои дигар ҳаммаслакони Кабирӣ, инчунин барои дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ дарси ибрат шаванд ва онҳо бояд аз ин роҳи пур аз хору лой баргарданд. Ҳатто он Ташкилотҳои байналмиллалие, ки то имрӯз аз ин ҳизби мамнӯъ пуштибонӣ менамоянд, бояд аз ғаразҳои нопоки мизоҷонашон хабардор шаванду худашонро бадном насозанд. Офтобро бо парда пушонида намешавад ва рӯзе мерасад, ки ҳар як аъзои ТЭТ ҲНИ бо амалҳои нопокашон дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

 

Вадудов Т, омӯзгор.  

Ҳеҷ овозе нест