НОРОЗИГИИ ҲСДТ ВА НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор гардида, ҲСДТ ягона ҳизб дар кишвар мебошад, ки намояндагонаш вориди парлумон нашуданд. КМИР интихоботро баргузоршуда эълон намуда, нозирон аз кишварҳои ИДМ ва СҲШ онро шафофу демократӣ хонданд.

Дар ин масъала Сергей Лебедев, Раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ зимни як нишасти матбуотӣ дар пойтахти кишвар гуфта буд, ки мутаассифона мо натавонистем аз 41 ҳавзаи интихоботие, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад боздид намоем, аммо нозирони ИДМ аз 31 ҳавзааш боздид намуданд ва онҷо ҳеҷ як қонуншиканиеро мушоҳида накарданд.

Вай афзуд, ташкили маъракаи интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дуруст ба роҳ монда шуда, нозирони ИДМ ҳеҷ як ихтилоферо дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мушоҳида накарданд.

Инчунин аз 3412 участкаҳои интихоботӣ дар дар қаламрави кишвар нозирони ИДМ аз 1118 участкаҳои интихоботӣ боздид намуданд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), бо нашри изҳороти раёсати Шӯрои сиёсии ҳизбаш аз ҷонибдорон хостааст, ба эътирозҳои мувофиқанашуда даст назананд ва таъкид кардааст, ки дар 10 рӯзи оянда баргузории митингҳои мувофиқашударо баррасӣ мекунад.

Инчунин, Раҳматилло Зоиров изҳор медорад, ки “Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба чунин хулоса омад, ки натиҷаҳои интихобот на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва комилан тақаллубӣ аст, аз ин рӯ ин натиҷаҳоро эътироф намекунад”.

Ёдовар мешавем, ки теъдоди зиёди ҷонибдорони ҲСДТ ва 14 созмони ноҳиявию шаҳрӣ пешниҳод намудаанд, ки ҳамчун шакли эътирози мардумӣ ба эълони пешакии натиҷаҳои интихобот, гирдиҳамоӣ доир карда шавад. Ин ҳизб таъкид намудааст, дар мувофиқа дар 10 рӯзи оянда баргузории гирдиҳамоиҳоро дар 5 маркази минтақавии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Раёсати Шӯрои сиёсӣ таъкид намудааст, ки ҲСДТ як созмони мутамаддини сиёсист ва аз аъзои ҳизбу ҷонибдоронаш хоҳиш намудааст, ки аз баргузории ҳама гуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоии бидуни мувофиқа, худдорӣ намоянд.

 

Бойматзода А, сармуҳаррири “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест