Ислом ба ҳизб ниёз надорад «Бикӯшеду некӣ ба бор оваред…» Фирдавсӣ

Имрӯз сарони фирории ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ  кӯшиш доранд, ки бо мақсади амалишавии дастуру супоришҳои сарпарастони хориҷии худ, боз кишвари моро дубора ба ҷангҳои шаҳрвандӣ бикашанд.Бо ин исбот карданиаанд, ки ба хоҷаҳояшон хеле ҳам содиқанд. Аммо дигар ҳеҷ гоҳ миллати ҷафодидаи тоҷик ба доми наҳзатиисломиҳо  нахоҳанд афтид. Имрӯз ба ин кӯрдилони ватанфурӯш натанҳо мардум, балки аҳли хонадону наздиконашон бовару эътимод надоранд.Ин наҳзатиҳои хиёнаткори Ватану миллат аз хориҷ  истода ба сӯи давлати тозаистиқлолу ба ваҳдатрасида аз кӯрдилӣ санги маломат мезананд, ҳатто пешрафту нумуи тоҷиконро нодида мегиранд. Фазои орому осудаи моро аз ҳасад тариқи расонаҳои хабарӣ сиёҳ мекунанд.Охир, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Дар Тоҷикистон имрӯз теъдоди масҷидҳо аз мактабҳо дида бештар аст. Барои ибодат кардан дари ибодатгоҳҳо шабу рӯз кушода аст. Иттиҳодияҳои динӣ мавъизаи рӯзҳои ҷумъа озод аст.

   Мо, эмомхатибон аз мардуми кишвар хоҳони он ҳастем, ки сиёсати давлатро хуб дарк кунанд, фирефтаи динситезону ифротгароёни исломситез нагарданд. Донанд, ки ислом ҳеҷ хел ҳизб надорад.Кур асояшро як бор гум мекунад.Охир, мо як бор фирефтаи онҳо шуда будем.Дар тамоми мамлакатҳои исломӣ баҳсу мунозираҳо барои ба ихтилоф ва таасуб набурдани ибодаткунандагон ,ниҳодҳои мақомотӣ мавзуъ ва рафти мавъизаҳоро назорат мекунанд, ин як кори маъмули ба ҳисоб меравад.

      Ҳама мебинанд ва медонанд, ки дар даромадгоҳи масҷидҳо сандуқи хайрия гузошта мешавад. Аз маблағи ҷамъшуда як миқдорашро ба хонаи бачаҳо ирсол кунанд,боқимондаашро барои таъмиру тармими масҷид сарф мекунанд.

Интихоби эмомхатиб дар дилхоҳ масҷид ба таври демократӣ мегузарад.Дар навбати аввал шахсоне ба эмомхатибӣ пешниҳод мешаванд, ки маълумоти олии динӣ дошта бошанд.

  Филми мустанади «Решаҳои ноайён»-и эшони Қиёмуддини Ғозиро тамошо кардам.Онҳое, ки бо Қиёмиддини Ғозӣ ҳастанд, дар диндорӣ ақидаҳои динситезона доранд, душмани миллату давлатанд.Тавассути сиёсати Ҳизби наҳзати исломиашон бо роҳи террору куштор давлати хуношоми бо ном исломиро ташкил карданиаанд.

  Онҳо ғофил аз онанд, ки:

      Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

      Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.    

          Амонхӯҷа Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳия.

Ҳеҷ овозе нест