САБРИ МАРДУМИ ВОРУХ НАТИҶАИ ХУБ ДОД

Тоҷику узбеку қирғизу афғон. Ин давлатҳоест, ки аз азал то ин дам якҷоя шуда, зидди душманони беруна, аҷнабиён мубориза мебурданд. Таърих ба ин гувоҳӣ додааст. Чуноне дар урфият мегӯянд: “Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст”. Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди шӯравӣ ҷумҳуриҳои бародарии шӯравӣ соҳибистиқлол гардиданд. Оҳиста-оҳиста муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбекистон коҳиш ёфтан гирифт. Ин муносибатҳои хунукназаронаи байни ду давлат дер давом накард. Ниҳоят баъди таъини Президенти нави Ҷумҳурии Узбекситон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои бародаронаву қадимаи ин ду давлат аз сари нав эҳё гирифт. 10-20 сол пеш аз мардумони ин ду давлат бовариву хаёле надоштанд, ки то чи дараҷа ин қадар муносибатҳои дустона аз сари нав тавлид меёбад. Хушбахтона, имрӯз ҳам ин рафтуомад боз ҳам бештару хубтар гардидааст. Ин гуна далелҳо бояд шууру мафкураи ҳар як мардуми тоҷикро мустаҳкам гардонад ва бояд эътимод дошта бошанд, ки фардо ягон нияти нохалафе имкон надорад, ки байни давлатҳои ҳамсояи мо ҷангу ҷидолеро барпо намоянд.

Ба ин монанд, солҳои охир баъди он ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Узбекистон беҳтар шуд, акнун нохалафе шояд ният дорад, ки боз муносибатҳои Тоҷикистонро бо Қирғизистон тадриҷан дигар намояд. Яъне, нуқтаҳои сустиро дар сарзамини Ворухи мо ёфтаанду даргирониҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар ин макони биҳиштосои мо – Ворух, ки дар дохили ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир шудааст, хунрезию талафотҳои низ ба вуҷуд омаданд. Бо васвасаю маслиҳатҳои нопоки нохалафон чандин бор қонуншиканиҳо аз тарафи қирғизҳо руй дода буд, аммо мардуми бошарафу бофарҳанги тоҷик тавонистанд, ки аз қасдигирию ҷавобогӯйӣ нисбати қирғизҳо хомӯш нишинанд. Албатта ин рафторҳои хирадмандонаи тоҷикон буд, ки имрӯз шӯълаи оташи даргирифта хомӯш гардидааст.

Рӯзҳои сипаригашта сарони давлатҳои ҳамсоя, муовинони сарвазиру сафирҳо кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд, ки фардо баҳонаҳои ҷангу ҷидолҳо аз байн бурда шавад. Дар нақша  аст, ки рӯзҳои наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба эҳтимоли зиёд охири моҳи марти соли равон баргузор хоҳад шуд  ва муноқишаҳо аз байн хоҳанд рафт.

Вадудов Тоҷиддин, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест