Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор даъвати шашум 

Рӯзи 16 – марти соли ҷорӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Иҷлосияро раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Р.М. кушода эълон намуд ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зинда аз тарафи вакилон ва дигар иштирокдорон садо дод.

Дар иҷлосия ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот шунида шуда, ваколати вакилони тозаинтихоб тасдиқ карда шуда, ҳамаи 40 нафар вакилон савганди садоқат қироат намуданд. Сипас, ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, якдилона қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода иштирок доштанд ва дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал суханронӣ намуданд.

Миёна: 1 (1 vote)