МУНОҚИШАИ НАВБАТИИ ҚИРҒИЗОН БО УЗБЕКОН

Санаи 31-майи соли ҷорӣ дар марзҳои Узбекистону Қирғизистон дар ноҳияи Қадамҷой дар наздикии чашмае бо номи «Чашма» муноқишае рух додаст, ки дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. муноқиша соати 12:30 байни сокинони деҳаи қирғизии Чечме ва сокинони маҳаллаи Чашмаи Сӯх бархостааст ва то соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ ин муноқиша идома доштааст.

Ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон дар дохили Қирғизистон яке аз минтақаҳои тоҷикнишин дар марз бо вилояти Ботканд аст. Сокинони маҳаллаи Чашма ҳам аксаран тоҷикон ҳастанд. Қитъаи марзӣ баҳсбарангез аст ва оби чашмаро ҳарду тараф истифода мекунанд, барои ҳамин зуд-зуд муноқиша сар мезанад. Ҷанҷоли лафзӣ дар бораи онки чашма ба кӣ тааллуқ дорад, ба муноқишаву сангандозӣ ва хушунат печидааст. Ҳар сол мардуми ду тараф аз роҳи ҳашар чашмаро покиза мекунанд ва ҳангоми ҳашар ҷанҷол бархостааст. Дар ҳарду тарафи марз чанд хона оташ гирифта буд ва табибон дар маҳалли ҳодиса кор мекарданд. Вазъ дар ҳоли ҳозир зери назорат аст, корҳои зарурӣ барои рафъи сабабу паёмадҳои муноқиша идома доранд.

Аз шоҳидони ҳол маълум шуда буд, ки “милиса саъй мекарданд, то ки пеши роҳи мардумро бигиранд, вале намешуд. Аслиҳа ба кор набурдаанд, вале ба сӯи ҳам санг меандозиданд. Одамон аз дасту сару пой захмӣ мешуданд. Ба онҳо табибон кӯмак мерасониданд. дар се ҷо оташсӯзӣ, ду хона дар тарафи Узбекистон ва яке дар Қирғизистон месӯхт."

Узбекистону Қирғизистон 1379 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан 5 дар сади он тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сарҳади Сӯх аз ҳамин қабил порчаи марз аст ва дар инҷо байни мардуми ду тараф барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол мехезад.

Рӯзи 1-уми май ҳам дар ин минтақа барои чарогоҳ муноқиша бархостааст ва марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки барои ором кардани вазъ маҷбур шуданд, ба ҳаво тир андозанд. Айни муноқишаҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳам сар мезананд ва дар гузашта ба ҷангу хунрезӣ кашидааст.

 

Алихон Хидиров, “Минбари омӯзгор”

 

Ҳеҷ овозе нест