ХАЁЛҲОИ ХОМИ КАБИРӢ

Чи хеле, ки ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, санаи 2-06-202 ба воситаи шабакаи ЮТУБ гурӯҳи “паймони миллии Тоҷикистон” роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ зиёда аз 2 соат баромад кард. Кабирӣ оидӣ чи гуна мардуми тоҷик барои тағири ҳокимият омода аст ё не, суханронӣ намуд.

Баъди баромади ӯ қариб ки 700 адад вокунишҳо чи аз тарафи мухолифин ва чи аз тарафдорони ҳокимияти кунунӣ дарҷ гардида буд.

Кабирӣ дар баромадҳои пешинааш ҳукумату роҳбарияти Тоҷикистон гунаҳгор дониста, оиди ёриҳои башардустона, ки аз дигар манбаъҳо вориди кишварамон гаштааст ва гӯё он ба беморону табибон дастрас намегардад, далелҳо меҷӯяд. Мехоҳад бо ҳар баҳонаҳое, ки ба мардуми Тоҷикистон ягон таъсири манфие нарасонида истоддааст, ба гӯши мардум зарбаи руҳӣ занаду халқи кишварро ки имрӯз зиндагии осоишта доранд, ба тилисми худ дарорад. Кабирӣ дар ин баромадаш сиёсати демократии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои ғарбро мисол меорад, ки дар он мардум чи гуна бо шаффофият интихоботи президентиро мегузаронанд. Ҳар он ақидаву хаёле ки ӯ дорад аз нигоҳи худаш идеалӣ менамояд. У таҷрибаву хаёлҳои худро ки солҳои дароз ба сифати муовин ва баъд ҳамчун роҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон гузаронидааст, ба фикри худаш аз таҷрибаи чандин олимону вазирон ва зиёиёни Тоҷикистон баландтар меҳисобад.

Нашрияи “Наҷот”, ки муассисаш собиқ раҳбари ҲНИТ марҳум Абдулло Нурӣ буд, дар якчанд нашрҳояш мақолаву баромадҳо аз номи муовини ҳизб дар ҳамон вақт Муҳиддин Кабирӣ буд матлабҳое нашр мешуд, ки акнун он нашрҳоро ба ёд овардан ҳикмат шудааст. Яъне Кабирӣ худи ҳамон солҳо (аввалҳои солҳои 2000-ум) дар семинару машваратҳои давлатҳои ғарб баромад карда, дар ҷустуҷӯйи хоҷаву маблағҳои калон буд. Гуфтанием, ки ин Кабирӣ дар мағзу пӯсташ хоҷаҷӯӣ муд шудааст.

Кабирӣ қисме аз камбудиҳои қишрҳои ҷомеаро: соҳибкорӣ ва табибону муаллимонро номбар намуда, онҳоро низ ба афсуни худ медарорад.

Кабирӣ дар ин баромадаш ба суолҳои тамошобинон ҷавоб гардонида, баъзе масъалаҳои заруриашро, ба мисоли ташкили телевизиони паймони миллии Тоҷикистонро равшан сохт, гӯё барои ташкили ин ТВ пул надоранду агар ягон сарапараст пайдо гардад ҳатман ташкил менамоянд. Ин шояд паёме барои хоҷагонаш буд, ки инро пинҳонӣ нею рушод бо забони дароз карданист.

Хуллас, то чанде суханҳои беғизои ӯро гӯш намоӣ, куллан маълум аст ки онҳо мақсади ғасби ҳукуматро доранд ва хаёлҳои Кабирӣ доимо хом буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест