НЕРУИ ТАБИБОН ЗИДДИ КОРОНАВИРУС

Тибқи маълумотҳои вазорати Тандурустии кишварамон ҳайати табибоне, ки аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд, давоми як моҳ дар беморхонаву муаасисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ имрӯз, 8 - уми июн бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, вохурӣ намуд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.

 

Бинобар вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон руз то руз хубтару беҳтар гашта истодааст, аз санаи 15-июни соли равон дар кишварамон пирузи аз коронавирус ковид-19 кушодашавии тарабхона, сартарошхонаҳо, кафе, бозорҳои марказӣ кушода хоҳад шуд. Ин тасмим аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон қабул шуд.

Барои риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва напушидани ниқобҳои тиббӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор чораҳои ҳуқуқӣ андешида мешавад. ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аллакай тағирот ворид шудааст. Ҷарима муқаррар карда шудааст, аммо маблағаш зикр нагардидааст.

 

Лутфулло Мирализод, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест