ЭСТАФЕТАИ НАВБАТИИ КАБИРӢ

kabbirriya 4_1.jpg

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2015 Муҳидин Кабирӣ бо мақсади ташкил намудани табадуллот дар Тоҷикистон бо истифодаи Назарзода Ҳалим (ҳоҷи Ҳалим) собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалеро анҷом доданд. Хушбахтона амали нопоки онҳо бебарор монд. Чандин миллион пулҳое, ки Кабирӣ аз хоҷагонаш гирифта буд, акнун қарздори калон шудааст. Кабирӣ бояд дар назди хоҷагонаш ҷавоб гӯяд. Барои ҳамин ӯ дар ин лаҳзаҳои душворе, ки ба рӯйи мардуми сайёра омадааст, яъне пандемияи коронавирус Ковид-19, қувваҳои зиёдеро сарф намуда, ба воситаи шабакаҳо айбу нуқсонҳои давлати тоҷиконро дар шабакаи глобалӣ пахш карда истодааст. Чунин рафторҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ нишонаҳои душманигарӣ ба миллати тоҷикро мефаҳмонад. Чунки онҳо ҳар гапу хабарҳои дастрашкардашудаашонро байни худ нею байни омма пахш менамоянд.

Кабирӣ акнун дар ғазвҳояш як одати навро муд намудааст: “Раҳмонов бояд ба истеъфо равад”. Ҳаммаслаконаш низ чунин суханонро эстафета намудаанд. Ин эстафетаи такрорӣ сенарияи аввалҳои солҳои 90-умро ба ёд меорад. Мухолифин бо чунин эстафетаҳояшон аввал Президенти ҳамонвақта Қаҳор Маҳкамовро барканор намуданд. Баъд нишони навбатиашон марҳум Сафаралӣ Кенҷаев гардид, ки оқибат аз дасти худи ҳамон зархаридони мухолифин кушта шуд. Ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуданду роҳбари Ҳукумати онвақта марҳум Раҳмон Набиевро таслим намуда, аз ӯ имзои истеъфояшонро гирифтанд. Ҳамин тариқ то як давраи кутоҳе Ҳукуматро ғасб намуданду мансабталошонаш аз ҳар тагу тарақ пайдо гардиданд. Гимни ношиносеро дар ТВ пахш менамуданд, ки бо лаҳҷаи эронӣ садод медод.

Барои чи ман ин мисолҳоро ёдрас намудам, чунки аллакай ин мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давраи ҷанги шаҳрвандӣ ташкилкунандагонашон ва сарпарастонашон кист. Чаро баъди ғасби давлат гимни русию узбекӣ не, балки гимни эронӣ садод медод? Ҷавоби савол аллакай равшан аст.

Вақте, ки Абдулло Нурӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 сулҳро барқарор намуданд, Абдулло Нурӣ истифода аз ин ҳолат принсипашро пешниҳод кард ва ин ташкил намудани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон буд. То вақти вафоташ, соли 2006, Абдулло Нурӣ дигар тамаъи мансабу дигар надошт. Ӯ дар баромадҳояш, хусусан дар нашрияҳои ҳизбиашон низ таъкид менамуд, ки “...мо ба мақсадамон расидаем. Мақсаде, ки тули 10-солаҳо мубориза мебурдем, ва ҳатто қурбониҳо низ доштем...” аммо баъди марги А.Нурӣ ба мансаб Кабирӣ талош намуд, ки оқибаташ  то имрӯзҳо ҳамагон  ӯро ҳамчун хоин меноманд.

Кабирӣ дар ҳақиқат хоин аст!

 

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест