КАБИРӢ РОҲБАРИ ХОИНЗОДАГОН

 

kabbirriya 4_2.jpg

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи тоҷик, ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тундгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ТЭТ ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Мунаққидон ва озодандешони вилояти Бадахшон бобати фаъолияти ҲНИТ андешаҳои худро баён намуда, зикр менамоянд, ки дар дини мубини Ислом ҳизбгарои ҳарром аст. Пас аз ин бармеояд, ки қаблан роҳбарони ИНОТ бо истифода аз дини мубини Ислом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби «Ҳизб-уш-Шайтон»-ро таъсис доданд, ки роҳбарони он дар симои Муҳиддин Кабирӣ зердастон ва аъзоёни худро то ҳол ба шайтониву дуруғгуи ва авомфиреби ҳидоят карда истодаанд.

Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИТ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Маҷидзода А, нашрияи “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест