Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ

Дар ноҳияи Фархор бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи умуминоҳиявӣ оид ба давидан дар масофаи 500, 1500, ва 2500 метр доир гардид. Дар ин мусобиқа 4000 нафар, аз он ҷумла дар қатори мардон 700 нафар занону бонувон низ иштирок доштанд.

Ҳамчунин, аз шумораи умумии иштирокчиён 946 нафарашон аз ҳисоби аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил дода, ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои молию пулӣ ва Ифтихорномаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор қадрдонӣ карда шуданд.

Миёна: 6 (3 votes)