Амали маҳкумшудаи террористони ТТЭ ҲНИТ.

Ҳар,  ки  бо душмании халқ  равон аст  чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

                                                        (Сайидо)

         Вақто ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи Паёми навбатии хеш соли 2018- ро «Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд, ҳама дар сар тосари кишвар ба хиради волои ояндасози Пешвои муаззами  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офарин мекарданд.

         Охир, баъди ин пешниҳод кишвари азизамон тавассути дар кишвар ташкил намудани соҳаи сайёҳӣ кишвари тоҷикон, миллати тоҷик ва тамоми урфу одат, маданият ва ҳунару фарҳанги миллат барои оламиён муаррифӣ хоҳад шуд. Воқеан ҳам аз он рӯзе, ки ин пешниҳоди сарвари муаззамӣ миллат барои соли 2018 эълон шуд, то имрӯз бисёр пешрафтҳои муҳим дар соҳаи сайёҳи ва рушди ҳунарҳои  мардумӣ иҷро шудаанд. То имрӯз даҳҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз кишвари тоҷикон, аз дараю куҳҳои сарбафалак кашидаи Тоҷикистон дидан карда, ин кишвари биҳиштосоро кишвари афсонавӣ хонданд. Таваҷҷуҳи оламиён ба ин кишвар, ба ин миллат, ба ҳунару фарҳангӣ мо тоҷикон беандоза зиёд шуд.

         Ба кадом минтақаи Тоҷикистон сафар кунед, дар роҳ мебинед, ки зану мардҳои хориҷӣ дар чашм айни сиёҳ, дар пушт борхалтаҳои вазнин пиёдаю велосипедсавор рафта истодаанд. Хотирашон ҷамъ, аз касе тарсу ҳарос надоранд. Онҳоро дар оинаи телевизион ҳар шом дар куҳҳои пурбарф, дар марғзорҳои зебои куҳдоманҳо, бо чеҳраҳои хандону шукуфон дар байни мардуми тоҷик дида метавонӣ. Садҳо бор шукрона аз ваҳдати миллат, аз соҳибистиқлолӣ мекунед, ки кишварамон тинҷу ором буда, ҳатто сайёҳонӣ хориҷӣ, ки бори аввал ба Тоҷикистон омаданд, худро озод, чун дар кишвари хеш ҳис мекунанд, аз ифтихор саратон ба осмон мерасад. Охир онҳо натанҳо сайёҳанд, балки паҳнкунандаи ҳунару фарҳанги миллати мо дар кишварҳои олам ба ҳисоб мераванд. Аллакай туризми Тоҷикистон кишварамонро дар тамоми олам як мамлакати беҳтарин аз ҷиҳати сайёҳӣ ва як мамлакати амнтарини дунё барои сайёҳон муаррифӣ кардааст. Охир, муҳимтарин шарти сайёҳӣ оромии кишвар ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки дар кишвари мо барои рушд додани сайёҳӣ тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ин соҳа таваҷҷуҳи сарвари муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Ҳамин аст, ки аллакай Тоҷикистони ҷонон «сарзамини сайёҳон» ному унвон гирифтааст.

Бидуни ҳамаи ин олами террору ифрот ва динситезони гумроҳ, аллалхусус ҳизбу террористии наҳзат бар зидди Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷанги руи рост тайёри дида истодааст. Аз ин лиҳоз ин динситезони ватанфурӯш бо роҳбарии сардори ҳизбашон Кабирии беномус мехоҳанд ба кадом роҳе, ки набошад садди роҳи Тоҷикистон гарданд. Амали Террорисие, ки рӯзи 29 июли соли равон соати 15:30 дақиқа гуруҳи муташаккили мусаллаҳ бо автомошинаи тамғаи «Лаганзе» дар роҳи мошингарди деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара бо суръати баланд ҳафт нафар сайёҳи хориҷиро- ду нафар аз ШМА, як нафар аз Шветсария, Нидерландия ва Франсия, ки тавассути велосипед аз Кулоб ба тарафи ш.Душанбе дар ҳаракат буданд, онҳоро зер карда афтонда маъюб мекунанд. Ба ин қаноатманд нашуда, сайёҳони маҷруҳро бо корд ва дигар олотҳои бурранда ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷдар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ду нафари дигарро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара мебаранд, ки хеле маҷрӯҳи вазнинанд. Танҳо ба сайёҳи аз Франсия будагӣ осеб нарасидааст.  

         Ин амали ваҳшиёнаи террористони ҳизби наҳзати исломӣ, ки нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд ва дар натиҷа 4 нафари онҳо ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида мешаванд, нафрати тамоми аҳолии кишварро, аз ҷумла нафрати бепоёни сокинони Фархорро ба миён овард.

         Ҳамдиёрони азиз! Дониста бошед, ки террористони ифротгарои ваҳшии ҳизби наҳзати исломӣ, к и бо марги чор нафар ба анҷом расонида шуд, амали террористи байналмиллалианд. Онҳо имрӯз душмани рақами яки давлату миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Алҳол ин наҳзатиҳои беномус аз ҷангҳои иттилоотӣ ба ҷангҳои озоди террористӣ ва экстремистӣ гузаштаанд ва ҳеҷ гоҳ аз ин амали ваҳшиёнаи худ даст нахоҳанд кашид. 2018 содир карданд, бори дигар исботи он аст, ки ин ваҳшиҳои одамсурат ба касе раҳму шафқат надоранд ва нахоҳанд кард.

Воқеан ҳам бо ифодаи сарвари муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Террорист на миллат, на ватан ва на дину мазҳаб надорад».

Аз ин лиҳоз мо бояд дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Аз тариқи телефонҳои боварӣ бо кумитаи амният, бо милитсияи ноҳия аз одамони гумонбару шубҳанок ҳатман хабар диҳед. Бетарафии мо зиёни сахт ба ҳаёти миллат ва пешрафти давлат хоҳад расид.

Дар охир мо ҳама – пиру ҷавон, умуман кулли сокинони ноҳияи Фархор амалҳои террористии аъзоёни ҳизби наҳзати исломиро, ки дар шоҳроҳи Кулобу Душанбе дар ростои ноҳия Данғара рух доду чор нафар сайёҳонӣ хориҷӣ ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд, сахт маҳкум мекунем! Лаънат ба ин ваҳшиёни одамсурат! Донед, ки рафти тафтиши ин террористони ваҳшии одамсурат бевосита таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо тамоми далелҳои тасдиқшаванда исбот шудааст, ки террористони зиндамонда иқрор шудааанд – дар воқеъ онҳо аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ буда, бо супориш ин амалӣ террористиашонро ба он хотир ба анҷом расонидаанд, ки ба рафти раванди сайёҳи дар кишварамон халал расонида дар байни кишварҳои дунё ва Тоҷикистон ихтилофи сахт ба миён биёранд.    

Миёна: 6 (1 vote)