ВОКУНИШҲОИ БЕМАЪНИИ САЛИМПУР

Дар нашрҳои навбатии филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ғайр аз Муҳиддин Кабирӣ боз дар бораи дигар ҳаммаслаконаш нақл меравад, ки чи гуна хиёнату амалҳои нопокеро нисбати миллати тоҷик раво дидаанд.

Мирзои Салимпур – масъули сомонаи Ахбор-ком, ки солҳои охир нисбати миллату давлати тоҷик матлабҳои дурӯғро бофта, аз паси худ чанд нафар рӯзноманигорони гумроҳшударо ба худ мутеъ карда, барои ҳамкорӣ ба он рузноманигорон ҳазору ду ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад.

Дирӯз Мирзои Салимпур оиди пахши навори “Хиёнат” ки дар бораи худаш тамошо кардааст, матлаберо ба сомонаи Ахбор-ком нашр намудааст. Салимпур эҷоди ин филмро нокому беҳунарона ҳисобида, далелҳояшро дурӯғ, туҳмат ва таҳқир номидааст. Лекин суханҳои худаш мисли кудакон, ай-яй-яй гуфта эҷодгарони филмро тақлид намудааст.

Мирзои Салимпурро вақте додари ҷониаш дар шабакаи фейсбук ҳама айбу рафторҳои разилонаашро дарҷ намуд, пас бештар маълум шуд, ки Салимпур дар на танҳо дар байни миллат, балки дар байни оилаашон низ як гушти ҳарром будааст. Дар бораи рафтору кирдорҳои ғайрирасмиаш чи қадар танқид намоӣ, поён надорад.

Мирзои Салимпур як рӯзноманигори дузд, дурӯғгӯ, бофтакор, бенормус ва як хиёнаткорест, ки аз солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз барои пули ҳаром шуда тарафдорони мухолифин буд ҳаст ва хоҳад монд.

Маҷидзода А, нашрияи “Гулистон

Ҳеҷ овозе нест