Вохӯриҳо бо шаҳрвандон

Аз саннаи 2 то 4 августи соли ҷорӣ вохуриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор оид ба маҳкум намудани амали ноҷавонмардонаи гуруҳи ҷинояткор, ки саннаи 29 июли соли ҷорӣ нисбати саёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Дагара ба анҷом расониданд дар маҳалаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир карда шуд. Дар ҳайати гуруҳи корӣ муовни якум, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудирони шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарониташкилоту муассисаҳо,  муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ шомил буданд.

         Вохӯриҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ҳар як деҳа бо фарогирии аз ҳар як хоҷагӣ як нафарӣ роҳандозӣ гардида вобаста ба ҳодисаи мазкур шахсони мутасаддӣ шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ, пешгирии чунин амалҳои нангин, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ ва вобаста ба ҳамкории шаҳрвандон ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ суҳбату вохуриҳо ба анҷом расониданд.  Сокинони маҳалаҳо вобаста ба ҳодисаи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуда,  амали ноҷавонмардонаи ҷинояткоронро маҳкум намуданд.

Миёна: 5 (1 vote)