ВАЗЪИ КОРОНАВИРУС ДАР ФАРХОР

 

Аз аввали баќайдгирии сироятёфтагон аз вируси мазкур дар ноњия 153 нафар ба ќайд гирифта шудааст, ки аз ин миќдор 104 нафар мард, 49 нафар зан ва 11 нафар кўдакони то синни 14 сола мебошанд. Инчунин, аз шумораии умумии сироятёфтагон 43 нафар фавтидаанд, ки аз инњо 33 нафар мард ва 10 нафар зан мебошанд.

Дар баробари ин, ќайд кардан ба маврид аст, ки тайи як нимсола љомеаи љањониро пандемияи нав бо номи коронавирус (Covid-19) ба ташвиш оварда, аз пайдоиши ин беморї то ба имрўз зиёда аз 3 милион нафар сироят ёфта, њазорњо нафари дигар љони худро аз даст додаанд. Ин вабои аср, яъне сирояти нави корона-вирус Тољикистонро низ бетаъсир нагузошт.

Сироят ёфтани шањрвандон бо нишони таби аз меъёр баланд доштан ва њатто ба марг дучор шудани одамони аслан синну солашон калонсол мардумро ба тањлука ва роњбарияти давлатро ба андеша андохт. Ин буд, ки дар яке аз баромадњояшон Асосгузори сулњу вањдами миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњу-рии Тољикистон, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон иброз доштанд, ки: “Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам. Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд. Мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад ва сабру тамкинро риоя менамояд”.

Аз аввали баќайдгирии пайдоиши ин беморї дар байни соки-нони ноњияи Фархор то имрўз 134 нафар гумонбар ба сирояти ин беморї ба ќайд гирифта шуда, азонњо 8 нафарашон фавтидаанд ва 121 нафари дигар баъди муолиља ва бистарии мўњлатнок шифо ёфта, ба хонањояшон љавоб дода шудаанд. Инчунин, ба њолати 18 июни соли равон 1 нафар бо њолати вазнини миёна дар шуъбаи касалињои сироятии Беморхонаи марказї бистарї карда шуда, зери назорати доимии табибон ќарор дода шудааст.

 

Қурбонов Р., сардухтури беморхонаи марказии ноҳия

 

Ҳеҷ овозе нест