ХИЁНАТ ТАБИАТИ НАҲЗАТИЁН БУДААСТ

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо гурӯҳе аз нохалафоне пайдо гаридаанд, ки дидаю дониста ба муқобили вазъи орому осудаи кишвари худ садо баланд намуда, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаву манфури хеш назди хоҷагонашон рафта, бо онҳо машваратҳои пасипардагӣ намуда, мехоҳанд авзои кишварро ноором созанд. Аз табори чунин бешарафони разил террорист Муҳиддин Кабирист, ки амалҳои разилонаву хиёнаткоронаи устоди бешарафаш Сайид Абдуллоӣ Нуриро идома дода, зери ниқоби дини мубини ислом амал намуда истодааст. Ин нохалафе, ки ҳатто дар ҷанозаи волидайнаш иштирок накардааст барои миллати тоҷик хатар эчод намуда, аз хориҷ бар муқобили вазъи мамлакат санг мепартояд.

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз ҷумла, Муҳиддин Кабирии беномус аз табори он инсонҳоест, ки заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надошта, номи дини мубини исломро мехоҳад бадном созад. Ин нохалафи беору номус дар вафодорй ҳатто аз саг бадтар буда, кирдору рафтораш бад кардани номи мубораки Точикистони азиз мебошад. Танҳо дар назди хочагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супориши онҳо амал карданро рисолати хеш дониста, ҷавононро бо роҳи бад бурдан мехоҳад.

Мудом дар забонаш ҳарфи шавқату вафо буда, аммо вучуди нопокаш заррае раҳму вафо надорад. Инро мо мардуми кишвар ҳануз дар замони вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олӣ будани Кабирй дарк карда будем, зеро он замон бо баҳонаи гуногун дар ҷанозаи модараш иштирок накард. Баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Ин омил аз он дарак медиҳад, ки Кабирӣ ба модари худаш ва падараш вафо накард ва аз ӯ умеди вафо кардан нашояд. Агар рафтори ношоистаи Кабирии хиёнаткорро назар афканем пурра кирдори у бо Абубакри Бағдодӣ мувофиқ буда, бо таҳили вазъи фаъолияти онҳо кас гумон мекунад, ки онҳо ҳарду ангушти як даст ҳастанд. Яъне аз ин бармеояд, ки ҳадафи аслии онҳо ягона буда, мақсади ниҳоии онҳо бо омезиши дини мубини ислом мехоҳанд қатлу кушторро ба роҳ монда, симои дини исломро ба ҷомеа бад нишон диҳанд. Аммо Худованд аз кирдору рафтори онҳо дар ҷодаи суйистифода аз номи дини мубини ислом огоҳ буда, онҳоро саривақт сарнагун мекунад. Аз нигоҳи дигар дар ин дунё ҳамагуна неруҳои аҳриманӣ аз неруҳои аҳуроӣ мағлуб шуда, некӣ бар бадӣ ҳатман ғолиб хоҳад омад.

Он руз дур нест, ки Кабирии гумроҳ аз кирдори разилонаи хеш пушаймон шуда, роҳи бозгаштро меҷӯяд, аммо он руз аллакай дер мешавад. Шояд у гумон кунад, ки ҳоло фурсат дорад. Аммо ин хоини Ватану миллат аллакай дер кардааст ва дигарбора хоки муқаддаси Тоҷикистон чунин фарзандони нохалафро дар худ нахоҳад ғунҷонид.

ТЭТ ҲНИ ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар дорад ва моро зарур аст, ки дигар ба суханони бешарафи Кабирӣ ва пайравону ҳамсафонаш гуш надиҳем, садди роҳи онҳоро гирифта, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд.

 Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест